Тоҷикистон ба зудӣ хушунат ва зӯровариро дар оила ҷурми ҷиноӣ эълон ва барои он ҷазо таъйин хоҳад кард. Ҳоло зӯроварӣ дар хона ҷурми маъмурӣ шумурда мешавад ва танҳо пайомадҳои вазнини он тибқи бандҳои дигари Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешаванд.
Ҷиноят эътироф шудани хушунати хонаводагӣ яке аз тавсияҳои ниҳодҳои байнулмилал, аз ҷумла Созмони Милал буд, ки Тоҷикистон мехоҳад, онро амалӣ кунад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин гашти ҳукумати Тоҷикистон далели ҷиддӣ будани масъала дар кишвар аст.
Кӯдак аз латукӯб фавтид ё баъди хӯрдани дору?
М.Ҳ. ҳашт моҳ пеш бо як мард никоҳи мусалмонӣ кард. Танҳо ду моҳи аввали зиндагиаш хуб гузашта, баъдан маълум шудааст, ки мард ҳамсари дигар ҳам дорад. Ин зан нахост номаш фош шавад, вале ташхиси пизишкӣ-додгоҳӣ ва муроҷиаташ ба додситониро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.
Ин сокини 33-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, шавҳараш қабл аз издивоҷ ба ӯ гуфта буд, ки аз зани аввалаш ҷудо шудааст. Аммо ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ним сол баъди зиндагиашон зане тамос гирифта бо ӯ ҷанҷол кард.
“Ин зан таҳдид кард, ки чаро бо ин мард оиладор шудӣ? Ин аҳволро ба шавҳарам фаҳмондам, ҷанҷол бардошт, ки ту ҷосус ҳастӣ, чаро аз пушти ман мегардӣ? Шавҳарам маро зад ва дарро баст. Ман ҳомила будам. Соати 9-и шаб хунрав шудам, занг задам, ҷавоб надод. Паёмак навиштам, ки дард дорам, маро ба назди духтур бар. Гуфт, ки омода шав, ҳозир меоям. Ду соат мунтазир шудам, наомад. Як шабонарӯз дар хона дард кашидам," -- нақл кард ин зан.
Бо сабаби дер муроҷиат кардан ба пизишк фарзанди ин зан нобуд шудааст. Дар номаи ӯ ба додситонӣ омадааст, шавҳараш корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб аст. Шавҳар дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ шикваҳои ҳамсарашро рад кард ва баръакс, занро гунаҳкор намуд, ки бо корд ба ӯ ҳамла кардааст.
Ин мард гуфт, "кордча ва либосҳои хунолудро пинҳон кардааст, пайи корд ҳаст. Ман ба ӯ даст набардоштам. Худаш рафта, дору хурдааст ва кӯдак афтод. Медонам, ки аз кадом дорухона дору харидааст." Ин мард танҳо тасдиқ кард, ки баъди ҷудо шудан аз ҳамсари аввалаш чанд моҳ бо ин зан зиндагӣ дошт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Аммо зан даъво дорад, ки нозири минтақавӣ ҳам ба додаш нарасид. М.Ҳ. иддао дорад, ки баъди латукӯби шавҳараш "бо сару рӯйи пурхун" ба нозири милиса дар маҳалли зисташ занг зад, аммо нозир наомад. "Маҷбур шудам, ки ба шуъбаи корҳои дохилӣ равам. Онҷо гуфтанд, ки апаҷон, шавҳаратон корманди милиса аст, мо ягон кор карда наметавонем. Маслиҳат медиҳем, ки беҳуда вақтатонро сарф накунед."
Хабарнигори Радиои Озодӣ барои фаҳмидани мавқеи нозири минтақавӣ ба ӯ занг зад. Аммо ин корманди пулис баъд аз шунидани суол гӯширо гузошт ва дигар ба зангҳои мо посух надод. Шавҳари зане, ки шикоят дорад, тасдиқ кард, ки корманди милиса аст, аммо ба гуфтаи худаш ӯ монеи иҷрои қонун нашудааст.
"Нозирони минтақавӣ чизе ҳаст, аз рӯи қонун дида истодаанд. Ин хел нест, ки нозир корро ба тарафи ман дида истодааст”, - гуфт шавҳари ин зан.
“Сабук будани ҷазо зӯровариро бештар мекунад”
Шикоят аз хушунат дар хона дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳад. Танҳо дар нимаи аввали имсол қариб 1800 нафар аз зӯроварӣ дар оила ба Кумитаи занон муроҷиат кардаанд. Наздик ба 260 ариза бештар назар ба соли гузашта.
Вазорати адлияи Тоҷикистон моҳи августи имсол хабар дод, ки дар лоиҳаи нави Кодекси ҷиноӣ барои хушунат ва зӯроварӣ дар оила банди алоҳида пешбинӣ шудааст.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлия ба хабарнигорон гуфт, “ҳамин муқаррарот барои зӯроварӣ ҳамчун як ҳаракати алоҳидаи кирдори ҷиноятӣ. Пас аз он, ки қабул шуд мо гуфта метавонем, ки дар Кодекси ҷиноятӣ ҷой дода мешавад. Ҳоло дар Кодекси амалкунанда чунин чиз нест”.
Вазири адлия нагуфт, ки барои хушунат дар лоиҳаи нави Кодекси ҷиноӣ чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Феълан гунаҳкорони зӯроварӣ дар оила ҷарима ё ба ҳабсҳои кутоҳмуддат маҳкум мешаванд. Танҳо пайомадҳои вазнин сабаби парвандаи ҷиноӣ мешаванд.
Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеъ, ки таҷрибаи зиёди кор бо қазияҳои оилавиро дорад, мегӯяд, “қонун ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ ҳам ҷисмонӣ, ҳам шаҳвонӣ, ҳам равонӣ ҳам иқтисодиро маънидод карда мафҳумашро дарҷ кардааст. Лекин вақте ягон ҳолати алоҳида рӯй медиҳад, мақомот ба ин кирдор баҳо медиҳанд”.
Ҳомиёни ҳуқуқ аз таъйини ҷазои ҷиноӣ барои хушунат дар оила истиқбол мекунанд. Дилафрӯз Самадова мегӯяд, сабук будани ҷазо барои зӯроварӣ ё беҷазо мондани ин кирдор метавонад сабаби такрори хушунат дар оила гардад.
Дар дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои зӯроварӣ дар оила ҷазои ҷиноӣ ва то 12 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Чизе, ки дар ин миён ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кардааст, хомӯш мондани занонест, ки ба хушунат дар оила рӯ ба рӯ мешаванд. Коршиносони Созмони Милал таъкид кардаанд, дар тақрибан 75 дарсади ҳолатҳо занони ҷабрдида лаб боз намекунанд ё барои кумак муроҷиат намекунанд.
Қаҳрамони гузориши мо М.Ҳ. мегӯяд, занон “барои фарзанд ва хушбахтии оилавӣ тоқат мекунанд, лекин косаи сабр ҳам як рӯз не як рӯз пур мешавад".