Дар Афғонистон, ки рӯзи 3-юми ноябр шоҳиди як заминларзаи маргбор шуд, ҳоло мардуми зиёде дар деҳаҳои наздик ба марзи Тоҷикистон намедонанд, ба куҷо раванду чӣ кор кунанд. Ин заминларза дар Тоҷикистон ҳам сахт эҳсос шуд ва мардумро тарсонд.
Ҳасибуллоҳ, сокини рустои Мармул дар Мазори Шарифи Афғонистон, мегӯяд, “ояндаи ман номаълум аст. Мо ба куҷо равем. Ҳеч ҷое ҳам нест, ки аз тарафи давлат ё касе ба мо ваъда дода бошанд, ки метавонед, хонаҳоятонро аз нав сохта сукунат кунед."
Дар натиҷаи заминларзаи 6.3-дараҷаӣ дар наздикии шаҳри Мазори Шариф 27 нафар ҷон бохтанд, садҳо хона вайрон шуд. Фалокат ҳам замоне рух дод, ки мардум дар хоб буданд.
Ҳасибуллоҳ гуфт, "зилзилаи бисёр шадид ба вуқуъ пайваст. Дар ҷараёни зилзила ҳавлиҳои мо пурра вайрон шуд. То ҳанӯз натавонистем, ҳеч чизеро аз вайронаҳо берун кунем."
Ба қавли сокинони рустои Мармул, дар ин деҳа дигар имкони идомаи зиндагӣ ҳам вуҷуд надорад. Роҳ рафтан ҳам ин ҷо хатарнок аст.
Муҳаммадабдул Азиз, раиси маҳалла, гуфт, "дигар ин қария (деҳа) қобили зиндагонӣ барои касе нест. Ҷойи зиндагонӣ ҳам нест. Худатон ҳам мебинед, ки касе инҷо дигар зиндагонӣ карда наметавонад. Вақте меравем, метарсем, ки ба ягон ғор наафтем."
Ҳавои сарди рӯзҳои охир аҳволи мардуми осебдидаро бадтар ва зиндагиашонро талхтар кардааст. Ҳасибуллоҳ мегӯяд, "хатари он вуҷуд дорад, ки зимистон аст, ҳаво сард аст. Кӯдакони мо аз ҳамин ҳоло аз шаб таби сахт кардаанд. Ду се шаб аст, ки ҳаво сард аст, кӯдакон хунук хӯрдаанд. Дигар ҷое барои рафтан надорем. Тамоми ҳавлӣ аз байн рафт, ҳатто замини он ҳам қобили истифода нест. Замин мукаммал таркидааст."
Толибони ҳоким дар Афғонистон, ки худашон сабаби қатъи кумакҳои башарии зиёд ба кишвар шудаанд, натавонистаанд, дасти мардуми дармондаро бигиранд.
Аз тарафи дигар бо пайомадҳои заминларзаи дигаре дастбагиребонанд, ки моҳи август ҳазорон нафарро дар шарқи Афғонистон куштаву маҷруҳ ва бехонаву дар кард.
Афғонистон дар баробари фалокатҳои табиӣ сахт осебпазир аст. Фақат заминларза дар инҷо солона 650 нафарро мекушад ва 80 миллион доллар зарар мерасонад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: