Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти сокинон, гилаи масъулон. Чаро аз Душанбе ба ноҳияҳо автобус намеравад?


Шаҳри Душанбе
Шаҳри Душанбе

Ҳар бегоҳ дар наздикии фурӯшгоҳи “Садбарг” ва “Гардиши Фурудгоҳ” дар шаҳри Душанбе гурӯҳи мардуми интизорро дидан мумкин аст. Мусофирон ин ҷо ҷамъ мешаванд, то ба шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва минтақаҳои дигари атрофи пойтахт сафар кунанд. Нақлиёти иҷтимоӣ намерасад ва бархе соатҳо мунтазир мешаванд.

"Касе чизе ёбад, мешинаду меравад"

Маҳмадӣ, сокини шаҳри Ваҳдат, гуфт, "мусофирбари доимӣ надорад, рости гап. Касе чизе ёбад, мешинаду меравад." Маҳмадӣ субҳ барои кор ба Душанбе меояд ва шом ба хонааш бармегардад. Мисли ӯ даҳҳо нафар аз набудан ё камбуди нақлиёти иҷтимоӣ ва ҷадвали дақиқу доимӣ шикоят мекунанд.

Шоҳин Сафаров, сокини дигари шаҳри Ваҳдат, гуфт: "Як моҳ боз дар сохтмон кор мекунам. Ҳар рӯз рафта меоям. Хайр, таваккул мекунӣ, меёбӣ. Наёфтӣ, ҳамин ҷо ё ҷои дигар мунтазир мешавӣ."

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, 99,8 дарсади мусофиркашонӣ дар кишвар бо мошин, автобус ва микроавтобус сурат мегирад. Маълум нест, ҳиссаи автобусҳо дар кашондани мусофирон чӣ қадар аст. Мусофирон шикоят мекунанд, ки дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ дар Тоҷикистон автобус намерасад.

Ширкати хусусии "Осиё Гурӯҳ" дар парки нақлиётии худ 61 автобус дорад. Ба гуфтаи Анвар Раҳматов, масъули мусофирбарҳои ширкат, ҳоло танҳо дар 4 самт: Кӯлоб, Панҷ, Шаҳритус ва Панҷакент мусофир мекашонанд. Он ҳам дар самти Панҷу Панҷакент дар рӯз ду мусофирбар ва дар самти Шаҳритӯсу Кӯлоб дар рӯз як автобус. Нагаштани автобусҳоро дар дигар хатсайрҳо Раҳматов ба нарасидани мусофир бастагӣ дод.

Видео дар инҷост:

Чаро аз Душанбе ба ноҳияҳо автобус намеравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

"Бояд дар сарҳади пойтахт фароянд"

Вай гуфт: "Аслан хатсайрҳои Фархор, Данғара, Норак, Восеъ. Турсунзода, инҳо ҳама хатсайрҳои мо мебошанд. Аз сабаби он ки мусофирон кам муроҷиат мекунанд, дар ин самтҳо, лекин дар оянда мо нақша дорем, ки хатсайри Душанбе-Фархорро ба роҳ монем. Душанбе-Обигармро роҳандозӣ мекунем."

Раҳматов як сабаби ба ноҳияҳои атрофи пойтахт накашонидани мусофиронро дар он мебинад, ки мусофирон ба истгоҳи мусофирбарҳо (автовокзал)-и Душанбе намеоянд ва автобусҳои онҳо наметавонанд, дар макони ҷамъшавии мусофирон, масалан, дар наздики фурӯшгоҳи "Садбарг" истанд.

Ба иловаи "Автовокзал"-и Душанбе, дар чаҳор самти пойтахт терминалҳо фаъоланд. Абдурақиб Қодиров, коршиноси роҳу нақлиёт, бар ин аст, ки ҳалли мушкили мусофирони навоҳии атрофи Душанбе ба худи онҳо бастагӣ дорад.

Ӯ мегӯяд, онҳо бояд аз терминалҳо истифода кунанд: "Шаҳрвандони ноҳияҳои гирду атроф бояд дар сарҳади пойтахт фароянд. Терминали шарқӣ мегӯянд, масалан, аз Ваҳдат, ки омад, бояд дар ҳамон ҷо ҳатман фарояд. Мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо бояд ворид нашаванд.”

Вазъи ҳозира далели он аст, ки маҷрои мусофиркашонӣ аз ва ё ба пойтахти Тоҷикистон танзимшуда ва зери назорат нест. Бо ин ҳол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло наздик ба 3 ҳазор корхонаи мусофиркашонӣ мавҷуд аст, ки дар 887 самт мусофир мекашонанд. Чизе, ки мусофирон чандон эҳсос намекунанд.

XS
SM
MD
LG