Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.
2016. Як сол ба ривояти тасвир. 40 АКС
Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.

37
Нерӯҳои украинӣ алайҳи ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар наздикиҳои деҳаи Авдийивка оташ мекушоянд. 22 ноябр.

38
Фидел Кастро рӯзи 25 ноябр дар сини 90-солагӣ аз дунё даргузашт ва миллионҳо мардум дар кишварашро дар сӯг гузошт.

39
8 декабр. Як писарбача дар наздикии боқимондаҳои як ҳавопаймо дар деҳаи Саддҳа Батоли дар наздикиҳои шаҳри Абботободи Покистон. Бар асари суқути ин ҳавопаймо 47 нафар кушта шуданд, ки дар миёни онҳо Ҷунайд Ҷамшед, хонандаи сурудҳои поп, ки баъдан ба як даъватгари мусалмон табдил шуд, низ буд.

40
Мардум шаҳри ҷангзадаи Ҳалабро тарк мекунанд. Нерӯҳои Асад пас аз чанд соли ҷангҳои хунин бо мухолифон, ин шаҳрро ба назорати комили худ дароварданд.