АКС: Ҳодисаҳои муҳими соли 2023 дар ҷаҳон
Даргирӣ, таркиш, офатҳои табиӣ, кӯчокӯч ва эътирозҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон дар соли 2023 низ идома кард. Баъзе аз ин лаҳзаҳоро дар аксҳо бинед.
![11-уми апрел, ноҳияи Уст-Каменогорски минтақаи Камчатка, Русия. Баъд аз партоби оташ аз вулқони Шивелуч, ки яке аз бузургтарин вулқонҳои "зинда" гуфта мешавад, гарди зиёди хокистар масоҳати беш аз 20 километри атрофи онро фаро гирифт](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-083b-08db3b60cacc_w1024_q10_s.jpg)
13
11-уми апрел, ноҳияи Уст-Каменогорски минтақаи Камчатка, Русия. Баъд аз партоби оташ аз вулқони Шивелуч, ки яке аз бузургтарин вулқонҳои "зинда" гуфта мешавад, гарди зиёди хокистар масоҳати беш аз 20 километри атрофи онро фаро гирифт
![4-уми май, Белгради Сербистон. Гулу бозичаҳо дар назди мактабе, ки дар он шогирди 13-солае ба сӯи ҳамсинфону омӯзгоон оташ кушод ва чанд нафарро кушт. Ҳамлагарро полис боздошт кард](https://gdb.rferl.org/01000000-c0a8-0242-443a-08db4d6a4182_w1024_q10_s.jpg)
14
4-уми май, Белгради Сербистон. Гулу бозичаҳо дар назди мактабе, ки дар он шогирди 13-солае ба сӯи ҳамсинфону омӯзгоон оташ кушод ва чанд нафарро кушт. Ҳамлагарро полис боздошт кард
![23-юми май, Кобул. Занҳои Афғонистон интизори тақсими ёрии башардӯстонаи байнулмилалӣ истодаанд. Як ҷангҷӯйи "Толибон" ин навбатро назорат мекунад](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-f746-08db5c59eb8a_w1024_q10_s.jpg)
15
23-юми май, Кобул. Занҳои Афғонистон интизори тақсими ёрии башардӯстонаи байнулмилалӣ истодаанд. Як ҷангҷӯйи "Толибон" ин навбатро назорат мекунад
![28-уми май, нуқтаи марзии Беловежа, Лаҳистон (Полша). Муҳоҷирон дар назди деворҳои хати сарҳад ҷамъ шудаанд](https://gdb.rferl.org/01000000-0a00-0242-9a46-08db60d03ca6_w1024_q10_s.jpg)
16
28-уми май, нуқтаи марзии Беловежа, Лаҳистон (Полша). Муҳоҷирон дар назди деворҳои хати сарҳад ҷамъ шудаанд
Гуфтугӯ