АКС: Ҳодисаҳои муҳими соли 2023 дар ҷаҳон
Даргирӣ, таркиш, офатҳои табиӣ, кӯчокӯч ва эътирозҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон дар соли 2023 низ идома кард. Баъзе аз ин лаҳзаҳоро дар аксҳо бинед.
![7-уми март, Тбилиси (Тифлис). Полис бо эътирозгарони зидди қабули тарҳи қонун дар бораи агенти хориҷӣ вориди задухӯрд шуд. Полис нисбат ба эътирозгарон, ки парчамҳои Гурҷистон ва Иттиҳоди Аврупо дар даст доранд, гази ашковарро ба кор бурд](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-79ee-08db2532ea5d_w1024_q10_s.jpg)
9
7-уми март, Тбилиси (Тифлис). Полис бо эътирозгарони зидди қабули тарҳи қонун дар бораи агенти хориҷӣ вориди задухӯрд шуд. Полис нисбат ба эътирозгарон, ки парчамҳои Гурҷистон ва Иттиҳоди Аврупо дар даст доранд, гази ашковарро ба кор бурд
![23-юми март, наздикиҳои шаҳри Бахмути Украина. Сарбози маҷрӯҳро ба ҷои амн мебаранд](https://gdb.rferl.org/01000000-0a00-0242-5054-08db2c799c27_w1024_q10_s.jpg)
10
23-юми март, наздикиҳои шаҳри Бахмути Украина. Сарбози маҷрӯҳро ба ҷои амн мебаранд
![2-юми апрел, Литтл Рок, Арканзас, Амрико. Тӯфони пуршиддат боми хонаро нобуд кард](https://gdb.rferl.org/01000000-c0a8-0242-f050-08dbf5990806_w1024_q10_s.jpg)
11
2-юми апрел, Литтл Рок, Арканзас, Амрико. Тӯфони пуршиддат боми хонаро нобуд кард
![10-уми апрел, Теҳрон. Мақомоти Эрон гуфтанд, барои сахттар кардани назорати либоси занон ва сабти духтарону занони беҳиҷоб дар ин ҷумҳурӣ дар кӯчаву хиёбонҳо дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд. Чунин тадбир дар вокуниш ба эътирозҳои саросариву фаровон аз ҳиҷоби маҷбурӣ гирифта шуд, ки баъд аз марги Маҳсо Аминӣ тамоми Эронро пахш кард](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-345b-08db39d91aa1_w1024_q10_s.jpg)
12
10-уми апрел, Теҳрон. Мақомоти Эрон гуфтанд, барои сахттар кардани назорати либоси занон ва сабти духтарону занони беҳиҷоб дар ин ҷумҳурӣ дар кӯчаву хиёбонҳо дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд. Чунин тадбир дар вокуниш ба эътирозҳои саросариву фаровон аз ҳиҷоби маҷбурӣ гирифта шуд, ки баъд аз марги Маҳсо Аминӣ тамоми Эронро пахш кард
Гуфтугӯ