АКС: Ҳодисаҳои муҳими соли 2023 дар ҷаҳон
Даргирӣ, таркиш, офатҳои табиӣ, кӯчокӯч ва эътирозҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон дар соли 2023 низ идома кард. Баъзе аз ин лаҳзаҳоро дар аксҳо бинед.

1
1-уми январи соли 2023. Ҷангҷӯни "Толибон" маҳалли таркишеро дар назди Вазорати корҳои дохилии Афғонистон месанҷанд. "Толибон" гуфтанд, таркиш дар наздикии як посгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи Кобул иттифоқ уфтод

2
8-уми январ, шаҳри Теҳрон. Карикатураи президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар рӯйи девори сафорати Фаронса дар Теҳрон. Занҳои эронӣ дар намоиши эътирозии бознашри карикатураи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар нашрияи фаронсавии Charlie Hebdo иштирок карданд

3
13-уми январ, Украина. Хонаву пули вайроншуда дар соҳилҳои дарёи Сиверский Дотетс. Деҳаи Богородичнеи Украина, ки нав озод карда шудааст

4
20-уми январ, наздикиҳои шаҳри Вишегради Босния. Ахлоту партов дар дарёи Дрина аз обҳои се кишвари Балкани Ғарбӣ то ин ҷо расида, ҷамъ мешаванд
Гуфтугӯ