Гандумзори Украина месӯзад
Таркишу сӯхторҳо гандумзори Украинаро нобуд ва хатари бӯҳрони озуқаро дар ҷаҳон шадидтар мекунанд. Аксари кишварҳо роҳи фавран раҳо кардани ғаллаи муҳосирашудаи Украинаро ҷустуҷӯ доранд.

1
Сарбози украинӣ аз назди гандумзоре мегузарад, ки оташ гирифтааст. Ин замин дар шарқи Украина ва наздик ба хатти ҷабҳаи ҷанги Русия ҷойгир аст.

2
Алангаи оташ рӯзи 17-уми май майдони кишти гандумро дар вилояти Николаев ба коми худ кашид. Гармои шадид ва ҳамлаву даргириҳо сӯхтани гандумзорҳои Украинаро бештар кардааст.

3
Дар тасвирҳои моҳвораӣ, ки 8-уми июл бардошта шудаанд, заминҳои харобу хокистаршудаи гандум дар наздикии вилояти Сиверск ва Донетски Украина дида мешаванд. Эҳтимол сӯхтор дар ин гандумзорҳо бар асари таркиш ё афтидани мушакпораҳо ба амал омадааст.

4
Низомиёни Русияро ба ҳамлаи барқасдона ба анборҳои маводи ғизоӣ гумонбар медонанд. Рӯзи 31-уми май хабарнигорони Радиои Озодӣ шоҳиди сар задани сӯхтор дар анбори офтобпараст шуданд. Низомиёни украинӣ эълон карданд, ки анбор дар пайи зарбаи тӯпхона сӯхтааст.