Раисиҷумҳури Украина Русияро ба ҳамлаи мушакӣ ба як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар вилояти Донетск гунаҳкор кард. Владимир Зеленский гуфт, Маскав қасдан аҳолии осоиштаро нишон гирифтааст. Кремлин пайваста ҳамла ба ғайринизомиёнро рад мекунад.
Ҷасадҳо, вайронӣ ва нигаронӣ. Ҳамлаи Русия ба хонаҳои мардум дар Украина

1
Наҷотбахшони украинӣ ҷустуҷӯро дар вайронаҳои як бинои панҷтабақаи истиқоматӣ дар шаҳраки Часов Яри вилояти Донетск идома медиҳанд. Бино дар натиҷаи зарбаи мушакии Русия фурӯ рафт. Дар ин ҳамла, ба гуфтаи фармондеҳони украинӣ, 18 нафар кушта шудаанд. Шаш нафарро аз зери вайронаҳо дар хонае дар шаҳраки Часов Яр зинда берун оварданд.
Часов Яр шаҳраке бо 12 ҳазор аҳолӣ дар 20-километрии шаҳри Краматорск қарор дорад, ки чанд рӯз пеш ҳадафи нерӯҳои Русия буд
Часов Яр шаҳраке бо 12 ҳазор аҳолӣ дар 20-километрии шаҳри Краматорск қарор дорад, ки чанд рӯз пеш ҳадафи нерӯҳои Русия буд

2
Сокинони ваҳмзада мунтазири хабар дар бораи наздиконашон ҳастанд, ки дар зери вайронаҳо мондаанд

3
Наҷотбахшон як ҷасадро аз зери харобаҳо берун меоранд

4
Шаҳраки Часов Яр