Аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина чаҳор рӯз гузашт. Мақомоти Украина гуфтанд, ки нерӯҳои Русия маҳалҳои аҳолинишин ва маконҳои муҳимро ба монанди анбори сӯзишворӣ ва лӯлаи газу фурудгоҳҳо ҳадаф қарор медиҳанд. Кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Мардуми зиёде аз Украина ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Иддае дигар дар паноҳгоҳҳо ба сар мебаранд. Гуруҳе дар канори низомиён ё меҷанганд ё ба захмиён мадад мерасонанд.
Ҳамлаи Русия ба Украина. Иддае меҷанганд, гуруҳе паноҳ меҷӯянд

1
Ҷасади низомиёни рус, ки либоси украинӣ ба бар доштанд. Дар дарун ва паҳлӯи мошин. Онҳо 25-уми феврал дар як задухӯрд дар Киев, пойтахти Украина, кушта шудаанд

2
Медика, Лаҳистон. Рӯзи 25-уми феврал. Як оилаи украинӣ аз сарҳад мегузарад
Медика, Лаҳистон. Рӯзи 25-уми феврал. Як оилаи украинӣ аз сарҳад мегузарад

3
Зане дар назди бинои вайроншуда дар Киев

4
Сарбозони украинӣ дар майдони “Истиқлол”. Киев. Маҳалли тазоҳуроти густурдаи соли 2014, ки боиси барканории раисиҷумҳури ҷонибдори Русия Виктор Янукович шуда буд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир