Толибон рӯйи пайкараҳои пластикиро ҳам пӯшонданд
Чеҳраи пӯшидаи манекенҳо ё пайкараҳои сунъӣ ба рамзи дигари ҳукмронии Толибон дар Афғонистон табдил ёфтааст. Онҳо аввал амр карданд, ки манекенҳо аз фурӯшгоҳҳо гирифта шаванд. Пас аз эътирози тоҷирон, ки манекен як василаи тарғиби молашон аст, тасмим шуд, рӯйи ин пайкараи пластикӣ пӯшонда шавад.

1
Чеҳраи пӯшидаи манекенҳо ё пайкараҳои сунъӣ ба як рамзи ҳукмронии гуруҳи "Толибон" дар Афғонистон табдил ёфтааст. Онҳо аввал амр карданд, ки манекенҳо аз фурӯшгоҳҳо гирифта шаванд. Пас аз эътирози тоҷирон, ки манекен як василаи тарғиби молашон аст, тасмим шуд, рӯйи ин пайкараи пластикӣ пӯшонда шавад.

2
Толибон истифода ва нигаҳдории пайкараву тасвири одамро дар Афғонистон манъ кардаанд. Бо ин роҳ, онҳо гуё аз парастиши пайкараҳо пешгирӣ мекунанд. Бо бозгашти Толибон ба сари қудрат дар кору зиндагии занону духтарони Афғонистон маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ шуд. Ҳоло онҳо ҳақ надоранд, бо чеҳраи боз ва танҳо берун раванд ё кору таҳсил кунанд.

3
Вазорати амр ба маъруф ва наҳйи мункари Толибон амр дод, ки бояд тамоми манекенҳо аз мағозаҳо барчида шаванд ё сари онҳо аз тан ҷудо гардад.

4
Ин амр боис ба норозигии соҳибкорон шуд. Онҳо шикоят карданд, ки бе манекен наметавонанд, моли худро тарғиб ва тиҷораташонро хуб пеш баранд. Дар натиҷа, ду ҷониб ба созиши аҷиб расиданд.
Гуфтугӯ