Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз куҷо пул меёбед?" Шикояти созмонҳои Суғд аз тафтиши мақомот


Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Суғд аз санҷиши ногаҳонӣ ва фишори Раёсати адлияи ин вилоят шикоят доранд. Кормандони чанд созмони иҷтимоӣ рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомот бо поймоли қонунгузорӣ ва бе огоҳӣ ба тафтиш сар кардаанд. Мақомот суҳбат намекунанд.

Ҳадаф дақиқ кардани суроға аст ё чизи дигар?

Санҷиш рӯзи 16-уми апрел шуруъ шудааст. Ба гуфтаи намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ, мақомоти адлия бояд 3 рӯз пеш аз оғози санҷиш ба онҳо огоҳинома мефиристоданд.

"Дар огоҳинома бояд дарҷ шавад, ки киҳо меоянд ва чиро санҷиданӣ ҳастанд. Ин тартиб ин бор риоя нашуд. Онҳо моро дар ҳолати ногувор гузоштанд," -- гуфт корманди яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар Хуҷанд.

Дар тартиби пазируфтаи Вазорати адлия аз соли 2015 низ омадааст, дар огоҳинома "бояд асос, мавзуъ ва мақсади санҷиш, рӯзи санҷиш нишон дода шавад". Ҳоло намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд аз риоя нашудани ин тартиб шикоят доранд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ 17-уми апрел барои гирифтани шарҳи расмӣ ба Раёсати адлияи вилояти Суғд тамос гирифт ва суолҳоро барояшон фиристод. То лаҳзаи пахши гузориш нарасид.

Як намояндаи ин ниҳод бе зикри номаш гуфт, кормандони Раёсати адлия ба дафтари кории ташкилоти ҷамъиятӣ рафта, танҳо хостанд дақиқ кунанд, ки оё онҳо дар суроғаи зикршуда дар ҳуҷҷатҳояшон кор мекунанд ё не. Ин намояндаи идораи адлияи вилояти Суғд ҳама гуна фишорро ба созмонҳои иҷтимоӣ рад кард.

Аз шартнома то мактубҳо

Кормандони ташкилоти ҷамъиятии вилояти Суғд дар ин бора чизи дигар мегӯянд. Ба гуфтаи ин фаъолон, ҳадафи мақомот танҳо санҷидани ин нест, ки онҳо дар суроғаи сабтшудаашон кор мекунанд ё не.

Масъулони ҳадди ақал чор ташкилот дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон бо шарти фош нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ба ҷуз суроғаи ҳуқуқӣ, мақомот ҳамаи ҳуҷҷатҳои моро тафтиш карда истодаанд. Аз шартномаҳо то мактубҳо. Боз аз мо мепурсанд, ки бисёр лоиҳаҳои шумо баъд аз моҳи март қатъ шуд, акнун чӣ хел кор мекунед, аз куҷо пул меёбед?”

Тарси ҳомиёни ҳуқуқ дар вилояти Суғд ин аст, ки мақомот бо ин санҷишҳои ногаҳонӣ заминаи қатъи кори онҳоро фароҳам мекунанд. Намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд мегӯянд, бе ин ҳам шароити корашон вазнин аст ва бисёр лоиҳаҳои онҳо қатъ шудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тафтиши ногаҳонии созмонҳо дар Суғд чӣ маъно дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон давоми се соли охир аз фишори афзояндаи мақомот шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин фишорҳо баъди саркӯби эътирозҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сахттар шуд.

Фаъолони мадании ВМКБ соли 2023 гуфта буданд, ба баъзе аз онҳо фишор овардаанд, ки ихтиёрӣ созмонҳо худро барҳам диҳанд. Ҳарчанд мақомот он вақт ин шикоятро рад карда буданд.

Ба иттилои Иттиҳоди Аврупо дар соли 2023 беш аз 700 созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон баста шуданд. Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо моҳи декабри соли 2023 дар Душанбе гуфт, "ин ба нафъи демократисозии ҷомеа нест."

XS
SM
MD
LG