Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нафаси кӯтоҳи озодӣ". Мирзиёев Узбекистонро ба давраи Каримов бармегардонад?


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Даҳ сол пеш, замоне ки Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбекистон, барҳаёт буд, барои як рӯзноманигори ғарбӣ таҳқиқ кардан ва навиштани китобе дар бораи ҷомеа ва режими сиёсии ин кишвари Осиёи Марказӣ осон набуд. Аз ин рӯ, китоби "Сароби Абрешим"-и Ҷоанна Лиллис, ки барои нашр омода шудааст, дастоварди "Узбекистони нав" дониста мешавад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ як боб ё фасли китобро дар бораи вазъи озодии баён дар Узбекистон дид. Ба гумон аст, ки дар Тошканд аз он ифтихор кунанд. Китоби Лиллис маҳсули зиёда аз бист сол зиндагӣ ва кори ӯ дар минтақа аст ва нишон медиҳад, ки чӣ гуна ваъдаҳои додаи Шавкат Мирзиёев (соли 2016 пас аз марги Ислом Каримов ба қудрат расид) аз байн мераванд.

“Хати сурх”

Ин боби китоб “Хати сурх” ном дорад ва бо таърихи рӯзноманигор Анора Содиқова шуруъ мешавад. Ӯ дар замони ҳукмронии Ислом Каримов нашрияи хурдеро роҳбарӣ мекард, ки бештар масоили иҷтимоӣ ва душвориҳои шаҳрвандонро дар кишвари иборат аз 35 миллион нафар бозтоб медод. Дар он замон ҳар касе ба таври ошкор ба мавзуъҳои сиёсӣ даст мезад, роҳи худро ба зиндонҳои Узбекистон зудтар боз мекард. Ҳатто нигоштаҳои эҳтиёткоронаи Содиқова ва ҳамкоронаш баъзан таваҷҷуҳи масъулони сензураро ба худ мекашиданд.

Моҳи майи соли 2020. Сарбанди "Сардоба" дар Узбекистон рахна шуд. Фоҷиаи аввалин ва бузург дар аҳди роҳбарии Шавкат Мирзиёев. Анора Содиқова ба минтақае рафт, ки аз канда шудани сарбанд бештар осеб дидааст. Вале мардуми онҷо мегуфтанд, “ҳама чиз хуб аст” ва таъкид мекарданд, ки “осеб надиданд”.

Содиқова масъаларо жарфтар кофт. Маълум шуд, мақомоти маҳаллӣ ба сокинон дастур додаанд, ки дар суҳбат бо намояндагони матбуот ба шикоят лаб накушоянд. Рафторе, ки Шавкат Мирзиёев маҳз дар суханрониҳои худ ошкоро маҳкум карда, аз рӯзноманигорон ва блогерҳо мехост, “камбудҳои бюрократон”-ро дар ҳама ҷо фош кунанд.

Замоне ки Анора Содиқова дар бораи кӯшиши мақомот барои пахши маълумот дар Фейсбук навишт, дарҳол аз кор ронда шуд. Талоши навбатии ӯ барои таъсиси нашрияи “Рост 24”, ки аксаран дар бораи фасоди молӣ менавишт, умри дароз надид.

Анора Содиқова ба Ҷоана Лиллис гуфтааст, бо сабаби “фишору иръоб” аз баҳри кори худ гузашт. Ин соли 2023 буд ва мансабдорон ба раъйпурсӣ барои дигар кардани Қонуни асосӣ дар Узбекистон омодагӣ медиданд, то роҳи Шавкат Мирзиёевро барои тӯлонӣ мондан дар қудрат (то соли 2037) ҳамвор кунанд.

Содиқова дар ин фасли китоб ҳамчун мусоҳибе намоён аст, ки бепарда ва бо номи худ гап мезанад. Яке аз блогероне, ки Лиллис бо онҳо ҳамсуҳбат шудааст, бе ифшои номи худ шикоят кардааст, ки озодии расонаҳо пас аз нафасҳои аввалине, ки аз забони Мирзиёев садо дод, ба пешинаи худ бармегардад.

Ҷоанна Лиллис. Алмато. Соли 2021
Ҷоанна Лиллис. Алмато. Соли 2021

“Эҳсоси хатар”

Дар соли аввали ҳукуматдории Мирзиёев зиндониёни сиёсии даврони Каримов озод шуда, пас аз ду даҳа хабарнигорон пушти милаҳои маҳбас нарафтанд. Аммо ҳукми блогер Отабек Сатторӣ ба шашуним сол зиндон дар соли 2021 оғози раванди дигаргунае буд.

Баъд аз ин мавридҳои боздошту ҳабс кам нашуд, баръакс, силсилаи қонунҳои саркӯбгар, ба мисли ҷиноят донистани таҳқири президент вазъро бадтар гардонд.

Китоби Ҷоана Лиллис асари аввалин ба забони англисӣ аст, ки вазъро дар Узбекистони баъд аз Ислом Каримов нишон медиҳад. Китоби дигаре бо номи “Узбекистони нав” бо забони лаҳистонӣ соли 2023 дар Варшава нашр шуд. Муаллифи он, рӯзноманигор Агнешка Пикуличка-Вилчевска, соли 2021 ба Узбекистон роҳ дода нашуд. Ҷое, ки чанд сол дар он ҷо кору зиндагӣ кардааст.

Ҷоана Лиллис, хабарнигори маҷаллаи The Economist, аз соли 2019 то 2023 дар Узбекистон “аккредитсия” ё парвонаи кор дошт, аммо бо вуҷуди ирсоли ариза барои тамдиди он дигар иҷозаи фаъолият нагирифт. “Сароби Абрешим” китоби дувуми ӯ дар бораи минтақаи Осиёи Марказист. Китоби аввали ӯ “Сояҳои торик: Дохили дунёи пинҳонии Қазоқистон” ном дорад.

Қазоқистон низ як кишвари худкома аст, аммо дар шохисҳои солонаи созмонҳои ғарбӣ дар ҷойгоҳи беҳтаре аз Узбекистон қарор дорад. Лиллис аз соли 2005 дар Қазоқистони нафтхез зиндагӣ кардааст. Вай бар ин назар аст, ки дигаргунӣ дар ҳарду кишвар қисман ба дидгоҳҳои фарқкунандаи раҳбарони пешинааш пайванд дорад.

Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, Ислом Каримов ба таври табиӣ “хордор” ва бо таъсири беруна душманӣ дошт, Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури собиқи Қазоқистон, то соли 2019 “ҷасуртар ва то андозае дунявитар” буд ва дар аввал барои эътирофу офаринхонии байнулмилалӣ баъзе аз мухолифатҳои сиёсиро тоқат мекард.

Лиллис дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ фарқи дигари муҳим байни ин ду кишварро “нақши бузургтари дини ислом дар ҷомеаи Узбекистон” донист. Ҳукумати Узбекистон дар солҳои аввали истиқлол бо чолишҳои гурӯҳҳои ифротӣ рӯ ба рӯ буд, ки “эҳсоси хатари Каримовро дар бораи таҳдидҳо ба қудраташ афзоиш дод”.

Фозилхоҷа Орифхоҷаев соли 2022 барои як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба беш аз 7 сол зиндон маҳкум шуд
Фозилхоҷа Орифхоҷаев соли 2022 барои як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба беш аз 7 сол зиндон маҳкум шуд

Дар ин маврид низ маъмурияти Мирзиёев ваъда дод, ки саркӯбҳои бесобиқаро аз байн хоҳад бурд. Ва дар миёни садҳо блогере, ки дар солҳои аввали ҳукмронии ӯ шуҳрат ёфтанд, бархе муҳофизакорони мазҳабӣ буданд.

Ҷоана Лиллис бовар дорад, ки бозгашти Узбекистон ба ҳолати пешина дар баъзе аз бахшҳо то ҷое мантиқист, “чун фазое, ки дар он озодии воқеии баён ҳоким бошад, бино бар зеҳни раҳбарони худкома, ба режими онҳо таҳдид мекунад.”

Дар айни замон, рӯзноманигор умед дорад, китоби ӯ “дигаргунӣ” дар Узбекистони пас аз Каримов ва мероси бераҳмонаи президенти аввалро сабт карда, “ёдоварии саривақтӣ дар бораи он хоҳад буд, ки чаро уҳдадорӣ ба ислоҳот – дар ҳоле ки бениҳоят душвор аст – барои кишвар ин қадар муҳим аст.”

XS
SM
MD
LG