"Агар курсии раисии як ҳизбро додан ин қадар душвор бошад, пас, Раҳмонов курсии президентиро чаро диҳад?" Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи "Ислоҳ" ва яке аз намояндагони мухолифини тоҷик дар берун аз кишвар, бо баёни ин ҷумлаҳо хоҳони "истеъфои довталабона"-и Муҳиддин Кабирӣ аз раҳбарии Ҳизби наҳзати исломӣ шудааст.
Фаъолияти ин ҳизб, ки замоне дар порлумон ду намоянда дошт, аз соли 2015 дар Тоҷикистон ва аз соли 2022 дар Русия мамнуъ аст. Бисёре аз аъзои пешини раёсат ва шӯрои сиёсии он ба ҳабси абад ва солҳои дароз зиндонӣ карда шудаанд. Муҳиддин Кабирии 60-сола аз соли 2006, пас аз марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбарии ҳизбро бар уҳда дорад ва феълан ҳамроҳи баъзе аз намояндагони ҲНИТ дар Аврупост.
Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо танқидҳои бепардааш аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон маъруф аст, рӯзи 15-уми март дар баёяние дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, Ҳизби наҳзати исломӣ "моликияти хусусӣ, ҶДММ нест".
"Як инсон болои як курсӣ бист сол биистад, он курсӣ дигар на минбари кор, балки бистари нарм мешавад. Худи шахсият дилгир ва хастакунанда мешавад… Ин танҳо фикру ақида ва назари ман нест. Хелеҳо ҳастанд, аммо сахт мулоҳиза мекунанд... Рафтани бообрӯ худ як қаҳрамонӣ аст. Масалан, Маҳкамов рафт, гапе нашуд. Раҳмонов намеравад, ҳазору як гап аст. Набояд Раҳмонов шуд!" – афзудааст ӯ.
Шарҳи Муҳиддин Кабирӣ ба ин гуфтаҳо дастрас нест. Бобоҷони Қаюмзод, сухангӯйи ҲНИТ, рӯзи 15-уми март дар паёме хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "вуҷуди баҳсу ихтилофи назарҳо дар як ҳизби сиёсӣ бояд табиӣ қабул шавад".
"Баҳсҳо ва ихтилофҳои ба вуҷуд омада дар раванди ислоҳоти ҲНИТ як амри табиист, ба хусус вақте ислоҳот ҳам дар сохтору афрод ва ҳам дар Низомнома сурат мегирад,” – афзуд ӯ.
Изҳороти Муҳаммадиқболи Садриддин дар остонаи интихоби раиси нави ҲНИТ садо додааст. Ин мавзуъ, ба гуфтаи ӯ, рӯзи 9-уми марти имсол дар ҷаласае эълон ва аз довталабон хоста шудааст, ки то 16-уми март худро номнавис кунанд. Муҳаммадиқболи Садриддин гуфтааст, ҳадафаш "раисӣ нест", вале эътирозаш аз он аст, ки "раисро на аз даруни ҲНИТ, балки аз даруни Раёсати олии ҳизб интихоб мекунанд".
"Куҷои ин низоми демократӣ аст, агар шахс аъзои раёсат набошад, ҳақ надорад, ки даъвои курсии раисӣ кунад? Ин не, он не, мақсад ин аст, ки бимонед, ман боз раис биистам," – шарҳ додааст ӯ.
Бобоҷони Қаюмзод, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломӣ, мегӯяд, "ҳамагуна интиқод ва баҳсҳои созанда истиқбол мешаванд", аммо аз он норизост, ки "баҳсҳои дохилӣ ба шабакаҳо кашонида шудаанд".
"Ин масъалаи дигар аст, ки бояд дар чорчӯби меъёрҳои дохили ҳизб баррасӣ шавад. Аз тарафи дигар, ҲНИТ таҷрибаи гузаштан аз чунин бӯҳронҳоро дорад. Бар хилофи дигар аҳзоби оппозитсионӣ, ки роҳбарияташон на ба таври табиӣ, балки таҳти фишорҳои ҳукумат ё дохилӣ иваз мешуданд ва ниҳоят ба парокандагӣ расиданд."
Дар тақрибан як соли охир бори дувум аст, ки дар созмонҳои зери раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон баҳс бармехезад.
Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, ки қаблан узви Паймони миллӣ буд, дар моҳи августи 2024 Кабириро ба “диктатура ва шахсиятпарастӣ” муттаҳам кард, ки “дар тайи 6 сол дар кори Паймони миллии Тоҷикистон беҳбудие наовардааст”.
Ҳизби наҳзати исломӣ то замони қатъи фаъолияташ дар Тоҷикистон бештар аз 40 ҳазор узв дошт ва баъди Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дувумин созмони умдаи сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин тараф ин ҳизбро ҳамвора ба кӯшиши сарнагунии ҳукумат, тарҳрезии ошӯб ва куштор муттаҳам мекунанд, вале раёсати ҳизб онро беасос мешуморанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2018 Муҳиддин Кабириро ғоибона ба "муддати тӯлонии зиндон" маҳкум кард. Мақомот ӯро ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, куштор, исёни мусаллаҳона ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор донистанд. Худаш дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.