Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Розҳое дар паси дарҳои баста. Мақомоти тоҷик чиро пинҳон мекунанд?


Аз бойгонӣ
Аз бойгонӣ

Муҳри “махфӣ” на танҳо бар парвандаҳои ҷиноии пурсарусадо, балки бар омори муҳоҷират, пулҳои фиристодаи муҳоҷирон, қарзи хориҷӣ, харҷи буҷет, нафақаҳои баланд ва санадҳои шаҳрсозӣ зада мешавад. Ба иборати дигар, бар ҳар чизе, ки мумкин аст, боис ба вокуниш дар ҷомеа шавад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Маълумот ё додаҳои марбут ба муҳоҷирати корӣ низ аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон “сиррӣ” шудаанд. Дар ин маврид Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омор, рӯзи 12-уми феврал хабар дод. Нурмуҳаммадзода дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар робита ба омори муҳоҷирати корӣ гуфт, “ҳоло ин омор махфӣ аст ва ниҳоди таҳти роҳбариаш ба он дастрасӣ надорад”.

Дертар Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири кору муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, сабаби тасмимро мутобиқ набудани омори Тоҷикистон бо ҷониби Русия гуфт.

Мақомот дар Маскав таъкид мекунанд, ки теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар қаламрави онҳо бештар аз ду миллион нафар аст, аммо Душанбе ин рақамро чандсад ҳазор мешуморад. Дар ҳоле ки мақомоти Русия ҳар се моҳ додаҳои марбут ба муҳоҷиронро нашр мекунанд, ҷониби Тоҷикистон тасмим гирифтанд, дастрасиро ба онҳо тамоман банданд.

Ҳоло ба далели набудани омор шумориши хориҷ шудани нерӯи корӣ аз кишвар боз ҳам мушкилтар мешавад. Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, шикоф миёни теъдоди ҷойҳои корӣ ва аҳолии қобили кор дар Тоҷикисон дар соли 2022 тақрибан ба 3 миллион одам расидааст.

Ҳанӯз дар соли 2013 мақомоти Тоҷикистон нашри иттилоъро дар мавриди пулҳои фиристодаи муҳоҷирон бас карданд. Раиси Бонки Миллӣ он замон гуфта буд, ки ин тасмим ба далели фирор аз додани “ранги сиёсӣ” аст. Аз ин рӯ, барои арзёбии пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба Тоҷикистон акнун бояд ба додаҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ рӯ овард.

"Пешгирӣ аз суолҳои нохушоянд”

Тибқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”, муҳри “махфӣ” аз сӯи мақомоти қудратӣ барои ошкор нашудани иттилое истифода мешавад, ки метавонад ба манофеи давлатӣ зарар расонад ва ҳамчунин барои ҳифзи маҳрамонагӣ дар ҷараёни таҳқиқ ва расидагиҳои додгоҳӣ истифода мешавад. Аммо дар амал ин муқаррарот ба таври фазоянда барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилооти муҳиме ба кор меравад, ки пештар ба сурати умумӣ дар дастрас буданд.

Барои мисол, аз соли 2010 то кунун дар маҷмуъ 22 банд мавриди ҳазинаҳо аз дастрасии умумии буҷети давлатӣ ҳазф шудаанд. Инҳо шомили харҷи дифоӣ, ниҳодҳои давлатӣ, порлумон, дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ва ғайра мешаванд. Ҳамчунин ҷузъиёти қарзҳои хориҷӣ, аз ҷумла шартҳои қарзҳои калони Чин ғайришаффоф мондаанд.

Аз соли 2018, иттилоот дар бораи нафақаҳои баланд дар кишвар махфӣ шудааст. Ҳатто, тибқи маълумоти мақомоти пойтахт, нақшаи умумии рушди шаҳри Душанбе “ба далели амниятӣ” ва хатари гурӯҳҳои террористӣ санади маҳрамона аст.

Ба гуфтаи сиёсатшинос Азиз Нуруллоев, дар мавриди ҳазинаҳои низомӣ мақомот таҷрибаи ҳамсояҳои худро истифода, вале дар мавридҳои дигар аз эътирозоти эҳтимолӣ пешгирӣ мекунанд.

“Аммо возеҳ аст, ки шаффофият дар маҷмуъ боис ба суолҳои зиёде ба мақомоти Тоҷикистон мешавад, ҳам дар қисмати беҳадаф истифода бурдани захираҳои буҷетӣ ва ҳам дар мудирияти нокоромади давлатӣ. Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ба рӯпӯш кардани мушкилоти сохтории иқтисодӣ бартарӣ медиҳад, то онҳоро иқрор ва барои ҳаллашон талош кунад,” – мегӯяд Нуруллоев.

Аз ҷомеа чиро пинҳон мекунанд?

Бо ин ҳол, танҳо мушкилоти иқтимоӣ-иқтисодӣ нест, ки пинҳон мешаванд. Дар солҳои охир муҳри “махфӣ” ба парвандаҳои гуногуне ба монанди мавридҳои зерин зада шуд:

  • парвандаи маъруф ба “табаддулот”, ки дар натиҷаи он чандин нафар то 27 сол зиндонӣ шуданд;
  • парвандаи рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, ки ба 8 сол зиндон маҳкум шуд;
  • парвандаи қотили Шуҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, ки ба гуфтаи раиси Додгоҳи олӣ ҳатто сирри давлатӣ ҳам надошт;
  • парвандаи рӯзноманигорон ва блогерони маҳкумшудаи тоҷик, фаъолони ВМКБ ва парвандаҳои дигар, ки сару садояшон берун аз марзҳои кишвар рафт.

Ба сурати расмӣ, истифода аз муҳри махфӣ бо зарурати ҷилавгирӣ аз ифшои иттилооти сиррӣ ё осеб расондан ба амнияти миллӣ гуфта мешавад. Дар амал муҳри “махфӣ” аксаран ба парвандаҳое ҷорӣ мешавад, ки сирри воқеии давлатӣ ё иттилои хатарнок надоранд.

Талоши ҷилавгирӣ аз эътирозҳо?

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва сардори Бунёди “Бузургмеҳр”, мегӯяд, ки махфӣ кардан созукори муҳими идоракунии давлатӣ шудааст, чунки ба ҳукумат иҷозаи назорати куллӣ бар ҷомеаро медиҳад, таҳқиқот ва интиқоди мустақил ва иттилоъ дар мавриди иқтисоду иҷтимоъро маҳдуд мекунад ва инчунин имкони дар канор мондан аз фишор ва таҳрими байнулмилалиро фароҳам меорад.

Ҷамшед Ёров
Ҷамшед Ёров

“...Ин кирдори ҳукумат аслан барои пешгирӣ аз тафтиши қонунӣ будани иттиҳомҳо аз ҷониби ҷомеа ва созмонҳои байнулмилалӣ, барои пешгирии норозигии мардум ва эҳтимоли тазоҳурот, барои тарсонидани аҳолӣ ва манъи изҳори озодонаи афкор равон шудааст,”– мегӯяд Ёров.

Қаблан созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) Тоҷикистонро ба далели баргузор кардани мурофиаи пӯшидаи фаъолон, дастрасӣ надоштани муҷримон ба вакили дифоъ ва нақзи меъёрҳои асосии додгоҳи одилона мавриди интиқод қарор дод. Мақомоти Тоҷикистон ба ин интиқод вокуниш нишон намедиҳанд.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Пажӯҳишгари амрикоӣ дар мавриди ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Стив Свердлов мегӯяд, суистифода аз мӯҳри “махфӣ2 хилофи моддаи 99-и Қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки ошкоро гузаронидани мурофиаҳои додгоҳиро кафолат медиҳад. Аммо мақомот бо истинод ба амният дастрасии ҷомеаро ба мурофиаҳои муҳим маҳдуд мекунанд.

“Махфисозии парвандаҳо воқеан эътимодро ба низоми додгоҳӣ заиф мекунад ва дар бисёр ҳолатҳо зидди манфиатҳои давлатӣ кор мекунад. Агар эътимод ба кори муҳиме, ки додгоҳҳо анҷом медиҳанд, коҳиш ёбад, ин метавонад боиси аз байн рафтани боварӣ ба низоми сиёсӣ ва худи президент гардад,” – гуфт Стив Свердлов.

XS
SM
MD
LG