Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтани роҳи “Хоҷаи Аъло-Ворух” ва обод кардани чорроҳаи "Исфара-Ворух-Раззоқов" имтиёз ё сабукӣ пешниҳод кардааст.
Дар лоиҳаи қонуни буҷаи соли 2026, ки Радиои Озодӣ 22-юми ноябр бо он шинос шуд, ин ду роҳ "иншоотҳои махсусан муҳим" зикр шудаанд.
Бар асоси лоиҳаи қонуни буҷа, фармоишгар ва паймонкор (иҷрокунанда)-и сохтмони роҳи "Хоҷаи Аъло-Ворух" ва навсозии чорроҳаи "Исфара-Ворух ва Ош-Раззоқов" аз пардохти нисфи молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда (НДС) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод мешаванд.
Ҳамчунин ворид кардани молу маҳсулот барои сохтани ин ду роҳ пурра аз боҷи гумрукӣ озод буда, фақат нисфи молиёт аз арзиши иловашударо месупоранд.
Мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки сохтмони роҳи нави "Хоҷаи Аъло-Ворух" ва навсозии чорроҳаи "Исфара-Раззоқов" кай оғоз мешавад. Музаффар Носирзода, сардори Идораи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд моҳи августи имсол гуфт, барои бунёди роҳи алтернативии Ворух бо Қирғизистон ба созиш расидаанд ва сохтмонаш ба зудӣ оғоз хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи Носирзода, барои сохтани роҳ ба Ворух лоиҳае тартиб додаанд, ки арзиши он 255 милион сомонӣ аст. "Намояндагони ширкатҳои чинӣ, туркӣ ва эрониро ба онҷо бурдем, масоҳати дарёро танг карда, ба болояш бетон мекунем ва роҳи нав месозем. Барои рафту омади бемалол", - гуфта буд намояндаи идораи роҳсозии Суғд.
Дар чор соли баста будани марзҳои ду кишвар ин минтақа шоҳиди задухӯрдҳои шадид гашт. Ҷанҷол ҳам ин ҷо асосан сари истифодаи роҳи муштарак сурат мегирифт.