Аз кушта шудани Умаралӣ Қувватов, мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ва бунёдгузори "Гурӯҳи 24", даҳ сол гузашт. Ӯ, ки Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба кашида гирифтани тиҷораташ муттаҳам мекард, рӯзи 5-уми марти соли 2015 бо зарби тир дар 47-солагӣ дар Туркия кушта шуд.
Тарафдорони Қувватов дар қатли ӯ мақомоти Тоҷикистонро айбдор мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон дар гузашта чунин иддаоро рад кардааст. Душанбе, баръакс, Қувватовро ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фаъолиятҳои ифротгароёна гунаҳкор медонист.
"Куштори Умаралӣ Қувватов оғози марҳилаи нав дар сиёсати Тоҷикистон гашт. Марҳилае, ки режими Эмомалӣ Раҳмон омодагии худро барои аз байн бурдани мунтақидон дар берун аз кишвар нишон дод," – навишт Бунёди дифоъ аз демократия дар Осиёи Марказӣ.
Ин созмони мустақар дар Литва рӯзи 5-уми март дар гузорише қатли Умаралӣ Қувватовро "намоиши қудрат ва беҷазоӣ"-и режими Эмомалӣ Раҳмон донистааст.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, низ рӯзи панҷуми март дар баёнияе гуфт, "куштори Қувватов тасодуфӣ набуд, балки бахше аз стратегияи аз байн бурдани ҳар нафаре буд, ки ҷасурона дар муқобили диктатура меистод." Ин ҳодиса, ба навиштаи Ҷунбиш, нишон дод, ки "мақомоти Душанбе дар талоши худ барои нигоҳ доштани қудрат аз ҳеч кор рӯй намегардонад."
"Имрӯз мехоҳем, ба ин беҷазоӣ хотима дода шавад," – омадааст дар баёния.
Умаралӣ Қувватов, соҳибкори дар гузашта муваффақ, соли 2012 кишварро тарк кард ва дар Маскав “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро таъсис дод. Ӯ ба тундӣ аз сиёсатҳои давлати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард ва чанд дафъа аз раисиҷумҳур тақозо карда буд, ки номзадиашро дар интихоботи соли 2013 нагузорад
Қувватов ду дафъа – соли 2013 дар Дубай ва моҳи декабри соли 2014 дар Истанбул – бо дархости Тоҷикистон ва аз тарафи "Интерпол" дастгир шуд, вале дар ҳарду маврид ӯро ба Душанбе насупурданд.
Дар пайи баргузории як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русия ва даъвати мардум ба як намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти "Гурӯҳи 24"-ро манъ ва онро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ дохил кард.
Умаралӣ Қувватов пеш аз кушта шуданаш ҳамроҳи ҳамсару 5 фарзанд ва чанде аз ёрони наздикаш дар Истанбул дар интизори баррасии дархости паноҳандагӣ буд. Баъд аз қатли ӯ зану фарзандонашро дар яке аз кишварҳои ғарбӣ ҷой карданд.
Додгоҳи Истанбул Сулаймон Қаюмов, гумонбари асосии қатли Қувватовро ба ҳабси абад маҳкум кард, аммо гуфт, ду гумонбари дигар тавонистаанд аз Туркия фирор кунанд. Аммо на он вақт ва на ҳоло номи фармоишгарони куштор ифшо нашудааст. "Гуруҳи 24", ки Қувватов бунёд гузошта буд, ҳамоно фаъол ва мухолифи ҳукумати ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳарчанд фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст ва ба гумони пайравӣ аз он даҳҳо кас боздошту зиндонӣ шудаанд.