Таҳқиқи муштараки OCCRP (Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта) ва шабакаи “Azda TV”, қароргоҳаш дар Лаҳистон, маълум кардааст, ки як набераи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2015, ҳангоми 9-сола буданаш, дар Дубай манзили боҳашамат харидааст. Гузориш рӯзи 18-уми декабр нашр шуд.
Элдиёр Арикбоев (OCCRP)
Фирӯзи Маҳмадалӣ (Azda TV)
Муҳаммадҷон Кабиров (Azda TV)
Тибқи маълумоте, ки дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked” берун омад, Эраҷҷон Гулов, набераи раисҷумҳури Тоҷикистон, як манзили андозааш 210 метри мураббаъро дар ҷазираҳои машҳури “Палм Ҷумейра”-и Дубай харидааст, аммо маълум нест ба чӣ нарх. Арзиши ҳозираи он зиёда аз 1,3 миллион доллар баҳогузорӣ мешавад.
Бино ба сабтҳои Идораи замини Дубай, хона то ҳол ба Эраҷҷон Гулов тааллуқ дорад. Онро ба иҷора додаанд ва ҳар сол 55 ҳазор доллар даромад меорад. Эраҷҷон феълан 18-сола аст.
Дар бораи "Dubai Unlocked"
Тарҳи "Dubai Unlocked" силсилаи маълумот дар бораи садҳо ҳазор амволи ғайриманқул дар Дубай ва соҳибон ё иҷорагирони онҳост.
Ҳуҷҷатҳо ба дасти Маркази таҳқиқоти пешрафтаи дифоъ (C4ADS – The Center for Advanced Defense Studies), як созмони ғайритиҷоратии воқеъ дар Вашингтон расидааст. Ин созмон, ки ҷиноятҳо ва низоъҳои байнулмилалиро таҳқиқ мекунад, маълумоти мазкурро ба нашрияи норвегии E24 ва OCCRP расонд.
Санадҳо маълумоти муфассалро дар бораи соҳибони амвол дар бар мегиранд, аз қабили замони таваллуд, рақами шиноснома ва шаҳрвандӣ. Дар баъзе аз мавридҳо дар ҳуҷҷатхо маълумот дар бораи иҷорагир навишта шудааст, на молики хона.
Рӯзноманигорон ин маълумоти дастрасшударо ҳамчун нуқтаи оғози таҳқиқоти худ истифода карданд. Онҳо дар зарфи чанд моҳ маълумоти шахсии соҳибони амволи ғайриманқул, вазъи кунунии ҳар хонаро аз рӯи манобеи расмӣ ва боз ва ҳамчунин бино ба маълумоти ифшошудаи дигар таҳқиқ карданд.
"Azda TV" бо такя ба маълумоти беруномада дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" дороии чанд тоҷикистонии дигарро дар Дубай муайян кард. То кунун номи Иқболхон Нозирова (Ихболхон Назирова), ҳамсари сарвазир Қоҳир Расулзода ва Шаҳриёр Назриев, раиси бахши “Интерпол” дар Тоҷикистон расонаӣ шудааст.
Эраҷҷон Гулов писари Парвина Раҳмонова ва Ашрафҷон Гулов аст. Маълум нест, ки ҳардуи онҳо дар соли 2015 чӣ қадар даромад доштанд ва оё он барои харидани манзили боҳашамат дар Дубай мерасид ё не. Он замон, кори расмии Парвина Раҳмонова маълум набуд. Тибқи иттилои сомонаи ҳукумати Тоҷикистон, Ашрафҷон Гулов он вақт сардори Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав буд. Пеш аз он дар вазифаи сардори Раёсати андозсупорандагони калони Кумитаи андози Тоҷикистон кор мекард.
Мансабдорон дар Тоҷикистон вазифадор нестанд, ки дар бораи маошу даромади худ ба мардум гузориш диҳанд, аммо дар феҳристи ҷойҳои холии корӣ дар Вазорати умури хориҷӣ (соли 2022) маоши муовини вазир ҳамагӣ 200 доллар нишон дода шудааст.
“Маоши Ашраф Гулов ба ҳайси корманди намояндагии расмии Тоҷикистон дар Русия ба ӯ имкон намедод, ки ба маблағи 1,3 миллион доллар дар Дубай хона харад”, – мегӯяд Эдвард Лемон, коршиноси Осиёи Марказӣ ва устоди Донишгоҳи A&M-и Техас.
Дар ҳар сурат, вазъи Парвина Раҳмонова ва Ашрафҷон Гулов дар соли 2015 аз хонаводаҳои дигари тоҷик фарқ мекард. Падари Ашрафҷон – Шералӣ Гулов, яке аз намояндагони элитаи сиёсии кишвар, аз соли 2006 то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд. Он замон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, падараи Парвина Раҳмонова, беш аз бист сол пур шуда буд. Гурӯҳҳои нозир бар демократия ҳукумати ӯро яке аз фасодзадатарин ва хешутаборбозтарин дар Осиёи Марказӣ медонанд.
Дар гузориши созмони "Freedom House" дар соли 2015 гуфта мешавад, ки атрофиёни Раҳмон "бар асоси хешутаборбозӣ ва шиносбозӣ имтиёз ба даст меоранд”. Дар он гузориш зикр шудааст, ки "мансабҳои давлатӣ, хусусан мансабҳои вобаста ба андозситонӣ ё савдо талаботи зиёд доранд".
Эраҷҷон Гулов ва волидонаш ба дархостҳои мо дар бораи шарҳи масъала посух надоданд.
Тибқи қонуни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз соли 1985, кӯдакони аз 7 то 18-сола танҳо бо иҷозати сарпарасти қонунӣ ҳақ доранд, соҳиби амволи ғақриманқул шаванд. Сарпарасти қонунии Гулов ҳангоми харидани хона дар Tanzanite Residence зикр нашудааст ва маълум нест, ӯ кист, аммо дар ҳуҷҷати харидуфурӯши хона почтаи электронии Сӯҳроб Мирзоалиев навишта шудааст. Мирзоалиев як замон корманди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Вай ба дархости мо барои шарҳи масъала посух надод.
Колин Пауэрс, сардабири созмони тадқиқотии "Noria MENA Program" мегӯяд, фурӯши амволи ғайриманқул ба ноболиғон яке аз механизмҳоест, ки Дубай барои гурез аз назорат ва ҷалби сармоя истифода мекунад. Ба гуфти Пауэрс, сарватмандон барои пинҳон кардани даромади ғайриқонунии худ ва кам супоридани молиёт ба номи фарзандони ноболиғи худ аз хориҷа амволи ғайриманқул мехаранд.
“Ин танҳо як василаи дигаре аст, ки элитаи ҷаҳон барои пинҳон кардан ва сармоягузорӣ дар бозори амволи ғайриманқул истифода мебаранд. Ман фикр намекунам, ки ин кори оқилона бошад. Муайян кардани набера ё фарзанди кӣ будани онҳо он қадар душвор нест, вале корро зиёд мекунад”, - гуфт ӯ.
Аъзои як оила
Бисёре аз пайвандони раисҷумҳури 72-солаи Тоҷикистон (9 фарзанд дорад) моҳиби мансабҳои баланд дар бахшҳои давлатӣ ва молиявӣ ҳастанд.
Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президент аст. Духтари дигараш Зарина Эмомалӣ муовини аввали раиси "Ориёнбонк”, бузургтарин бонки тиҷоратии Тоҷикистон. Писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон ва амалан шахси дувуми ҷумҳурист.
Парвина Раҳмонова ва Ашрафҷон Гулов нисбат ба аъзои дигари оила камтар ба чашми мардум намудор мешаванд. Гулов дар мусоҳиба бо рӯзномаи давлатии “Тоҷикони Русия” (соли 2014 аз ҷониби хабаргузории "Азия-Плюс” бознашр шуда буд) гуфтааст, ба Маскав бо истифода аз равобити хешутаборӣ наомад ва таъйин шудани ӯ хидматҳои консулгариро дар Русия кам намекунад ва он “яке аз душвортарин самтҳои фаъолияти сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон” ба шумор меравад.
"Агар дар ҳақиқат ман ба шарофати хешутаборбозӣ ба ин вазифа таъйин шудам, пас, чаро ҷойи “оромтар” ва “равғанинтар”-еро надоданд?” – суол гузошта буд ӯ.
Ашрафҷон Гулов пас аз он ки ҳукумати Русия раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистонро душвор кард, барои кор ба намояндагии расмии кишвар ба Маскав рафт. Сиёсати Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро маҷбур карда буд, ки шиносномаҳои гаронбаҳои биометрӣ гиранд. Баъзан ин кор тавассути миёнаравҳо сурат мегирифт. Дар мусоҳиба бо “Тоҷикони Русия”, Гулов эътироф кардааст, чунин “миёнаравон” вуҷуд доранд, вале вонамуд кардааст, ки гуё кормандонаш бо онҳо робитае надоранд.
Баъди Маскав, Гулов як муддат дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2021 то соли 2024 сафири Тоҷикистон дар Туркия буд. Ҳамсараш он вақт ба тиҷорат машғул шуда, ширкати “Сифат Фарма”-ро таъсис дод, ки дар Душанбе чанд дорухона дорад.
Дар аҳди бемории COVID-19 ин ширкат музоядаҳои давлатии зиёдеро барои таъмини дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва лавозимоти дигари пизишкӣ дар Тоҷикистон ба даст овард. Таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2023 маълум кард, ки ширкати “Сифат Фарма” аз замони таъсисаш дар соли 2017 бо давлат ба маблағи миллионҳо доллар қарордод бастааст.
Гулов ҳангоми кораш дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия дар бораи ҳамкориҳои беҳдоштии ду кишвар вебинарҳо ташкил карда, сафари соҳибкорони туркро ба Душанбе ташкил намуд. Дар натиҷа, ширкати фаръии “Сифат” бо истеҳсолкунандаи таҷҳизоти туркии Dundarlar қарордод баст.
Ашрафҷон Гулов дар Душанбе чанд хонаву ҳавлӣ дорад. OCCRP ва “Azda TV” чанд амволи ғақриманқулеро пайдо карданд, ки ба номи Гулов сабт шудаанд, аз ҷумла биное, ки дар унвони идораи асосии Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон қарор дорад.
Ӯ дар моҳи августи соли 2024 сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ таъйин шуд.