Аксҳои ҷолиб ва дидании ҳафтаи саввуми моҳи январи соли 2015, ки хабарнигорони бахшҳои мухталифи Радиои Озодӣ фиристодаанд.
Як ҳафтаи ҷаҳон ба ривояти тасвир (16 АКС)

1
"Садҳу"-як рӯҳонии ҳиндӣ дар остонаи ҷашни мазҳабии ҳиндуҳо дар канори дарёи Ганга дар Калкатта, Ҳинд.

2
Азодорон дар Байтулмуқаддас дар маросими ҷанозаи қурбониёни ҳамла дар як фурӯшгоҳи яҳудиён дар Порис. Ҷасади чаҳор яҳуди фаронсавӣ, барои хоксупорӣ ба Исроил интиқол дода шуданд.

3
Ҳамлавари дастаи "Реал"-и Мадрид, Криштиану Роналду рӯзи 12 январ беҳтарин футболбози соли 2014 эълон шуд.

4
Яке аз ширкатдорони тазоҳуроти зидди исломӣ дар Олмон лавҳаеро бо акси садри аъзами он кишвар Ангела Меркел бардоштааст. Шоми 13 январ садри аъзам Ангела Меркел, президент Йоахим Гаук ва аъзои ҳукумати Олмон ба нишони ҳамдилӣ бо мусалмонҳои ин кишвар дар як ҳамоиши эътирозӣ иштирок карданд.