Обанборҳои "ташна" дар Эрон. Аксҳои моҳвораӣ
Тасвирҳои моҳворавӣ аз кӯлу обанборҳо дар Эрон бозгӯйи буҳрони хушксолӣ дар ин кишвар ҳастанд. Муқоисаи аксҳои нав бо аксҳои як сол пеш.
Моҳи ноябри 2024
Моҳи ноябри 2025
1
Обанбори Лор, ки дар шимол-шарқи Теҳрон дар кӯҳҳои Албурз ҷойгир шудааст, махзани асосӣ барои таъмини оби ошомидании пойтахти Эрон ва ҳимоят аз кишоварзии минтақа аст.
Моҳи ноябри 2024
Моҳи ноябри 2025
2
Ҳавз ё Кӯли Латиён дар наздикии шаҳри Лавосон воқеъ аст. Захираи обро барои Теҳрон ва минтақаҳои шаҳрии атроф фароҳам мекунад.
Моҳи ноябри 2024
Моҳи ноябри 2025
3
Сафедрӯд. Ин сарбанд, ки дар болои дарёи Сафедрӯд дар вилояти Гелон сохта шудааст, заминҳои кишоварзии васееро обёрӣ мекунад ва миллионҳо нафарро дар саросари даштҳои ҳосилхези шимоли Эрон бо об таъмин менамояд.
Моҳи ноябри 2024
Моҳи ноябри 2025
4
Сарбанди Амири Кабир: Ин сарбанд бар болои дарёи Караҷ дар кӯҳҳои Албурз бунёд шудааст. Сарбанди Амири Кабир шаҳри Теҳронро бо об таъмин мекунад, барқ тавлид менамояд ва дар контроли селобҳои мавсимӣ кӯмак мекунад.