Гуруснаву ташна ва бо ояндаи норӯшан. Фирори арманиҳо аз Қаробоғ
Мақомоти Арманистон ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи охир зиёда аз 100 ҳазор арманӣ Қаробоғи Кӯҳиро тарк карданд. Аксари онҳо аз гуруснагӣ, ранҷи роҳ ва ояндаи норӯшани худ ташвиш доранд. Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи асосан арманинишин моҳи сентябри имсол дар натиҷаи амалиёт ба зери назорати Озарбойҷон даромад.
![Фирориён дар роҳ аз Қаробоғи Куҳӣ ба деҳаи Конидзори Арманистон. 26-уми сентябри соли 2023. Фирори дастҷамъии арманиҳо баъд аз ҳамлаи Озарбойҷон дар рӯзи 19-уми сентябри имсол оғоз шуд. Пас аз ин ҳодиса Озарбойҷон минтақаи Қаробоғи Кӯҳиро пурра зери назорат гирифт.](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-44d4-08dbbf25fa58_cx0_cy10_cw0_w1024_q10_r1_s.jpg)
1
Фирориён дар роҳ аз Қаробоғи Куҳӣ ба деҳаи Конидзори Арманистон. 26-уми сентябри соли 2023.
Фирори дастҷамъии арманиҳо баъд аз ҳамлаи Озарбойҷон дар рӯзи 19-уми сентябри имсол оғоз шуд. Пас аз ин ҳодиса Озарбойҷон минтақаи Қаробоғи Кӯҳиро пурра зери назорат гирифт.
Фирори дастҷамъии арманиҳо баъд аз ҳамлаи Озарбойҷон дар рӯзи 19-уми сентябри имсол оғоз шуд. Пас аз ин ҳодиса Озарбойҷон минтақаи Қаробоғи Кӯҳиро пурра зери назорат гирифт.
![Гурезагон дар канори роҳе ба самти Арманистон дар гирди оташ худро гарм мекунанд. Онҳо мунтазири оғози ҳаракати нақлиёт ҳастанд. 25-уми сентябри соли 2023 Давоми 30 соли охир Арманистон ва Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ ду бор ҷангиданд. Ин минтақа, ки бештари сокинонаш арманҳо буданд, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ минтақаи бурунбум (анклав) шуд. Дар санадҳои байнулмилалӣ Қаробоғ ҳамчун ҳудуди Озарбойҷон эътироф шудааст.](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-655a-08dbbf32b35e_cx0_cy12_cw0_w1024_q10_r1_s.jpg)
2
Гурезагон дар канори роҳе ба самти Арманистон дар гирди оташ худро гарм мекунанд. Онҳо мунтазири оғози ҳаракати нақлиёт ҳастанд. 25-уми сентябри соли 2023
Давоми 30 соли охир Арманистон ва Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ ду бор ҷангиданд. Ин минтақа, ки бештари сокинонаш арманҳо буданд, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ минтақаи бурунбум (анклав) шуд. Дар санадҳои байнулмилалӣ Қаробоғ ҳамчун ҳудуди Озарбойҷон эътироф шудааст.

![Дар аксҳои моҳвораӣ қатори зиёди мошинҳо дар гузаргоҳи Лочин, ягона роҳ аз Қаробоғи Куҳӣ ба Арманистон дида мешаванд. 26-уми сентябри соли 2023. Баъд аз ҷанги соли 1994, арманиҳо бо пуштибонии низомии Арманистон назорати Қаробоғро ба даст гирифта буданд. Дар ҷанги соли 2020 Озарбойҷон қисми калони минтақаро зери назорати худ даровард.. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-bee8-08dbbf25a9ff_w1024_q10_s.jpg)
3
Дар аксҳои моҳвораӣ қатори зиёди мошинҳо дар гузаргоҳи Лочин, ягона роҳ аз Қаробоғи Куҳӣ ба Арманистон дида мешаванд. 26-уми сентябри соли 2023.
Баъд аз ҷанги соли 1994, арманиҳо бо пуштибонии низомии Арманистон назорати Қаробоғро ба даст гирифта буданд. Дар ҷанги соли 2020 Озарбойҷон қисми калони минтақаро зери назорати худ даровард..
Баъд аз ҷанги соли 1994, арманиҳо бо пуштибонии низомии Арманистон назорати Қаробоғро ба даст гирифта буданд. Дар ҷанги соли 2020 Озарбойҷон қисми калони минтақаро зери назорати худ даровард..
![Гурезаи арманӣ мошини худро дар роҳ аз Қаробоғ ба Арманистон таъмир мекунад. Ҷанги соли 2020 бо миёнаравии Русия ва бо ҷойгир кардани нерӯҳои посдори сулҳи ин кишвар ба анҷом расид. Аммо нерӯҳои посдори сулҳ барои пешгирӣ аз "амалиёти зиддитеррористи"-и Озарбойҷон дар Қаробоғ тақрибан коре накарданд. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-4a61-08dbbf2e2a51_w1024_q10_s.jpg)
4
Гурезаи арманӣ мошини худро дар роҳ аз Қаробоғ ба Арманистон таъмир мекунад.
Ҷанги соли 2020 бо миёнаравии Русия ва бо ҷойгир кардани нерӯҳои посдори сулҳи ин кишвар ба анҷом расид. Аммо нерӯҳои посдори сулҳ барои пешгирӣ аз "амалиёти зиддитеррористи"-и Озарбойҷон дар Қаробоғ тақрибан коре накарданд.

Гуфтугӯ