Гуруснаву ташна ва бо ояндаи норӯшан. Фирори арманиҳо аз Қаробоғ
Мақомоти Арманистон ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи охир зиёда аз 100 ҳазор арманӣ Қаробоғи Кӯҳиро тарк карданд. Аксари онҳо аз гуруснагӣ, ранҷи роҳ ва ояндаи норӯшани худ ташвиш доранд. Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи асосан арманинишин моҳи сентябри имсол дар натиҷаи амалиёт ба зери назорати Озарбойҷон даромад.
![Мошини боркаш бо гурезаҳо. Пеш аз ҳамла, Озарбойҷон як моҳ Қаробоғи Кӯҳиро дар муҳосира гирифт ва Боку гуфт, аз интиқоли ғайриқонунии силоҳ нигарон аст. Муҳосира 120 ҳазор сокини Қаробоғи Кӯҳиро аз маводи ниёзи аввал маҳрум карда буд. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-8ebf-08dbbf2f1780_w1024_q10_s.jpg)
5
Мошини боркаш бо гурезаҳо.
Пеш аз ҳамла, Озарбойҷон як моҳ Қаробоғи Кӯҳиро дар муҳосира гирифт ва Боку гуфт, аз интиқоли ғайриқонунии силоҳ нигарон аст. Муҳосира 120 ҳазор сокини Қаробоғи Кӯҳиро аз маводи ниёзи аввал маҳрум карда буд.
Пеш аз ҳамла, Озарбойҷон як моҳ Қаробоғи Кӯҳиро дар муҳосира гирифт ва Боку гуфт, аз интиқоли ғайриқонунии силоҳ нигарон аст. Муҳосира 120 ҳазор сокини Қаробоғи Кӯҳиро аз маводи ниёзи аввал маҳрум карда буд.
![Як наврас дар дохили мошине, ки ба самти Арманистон меравад. Бисёре аз гурезагон дар роҳ мондаанд, бархе аз онҳо ғизо ва оби кофӣ надоранд. Озарбойҷон 24-уми сентябр ва баъди чор рӯзи тавофуқ дар бораи оташбас роҳро кушод. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-bfb2-08dbbf25fa56_w1024_q10_s.jpg)
6
Як наврас дар дохили мошине, ки ба самти Арманистон меравад. Бисёре аз гурезагон дар роҳ мондаанд, бархе аз онҳо ғизо ва оби кофӣ надоранд.
Озарбойҷон 24-уми сентябр ва баъди чор рӯзи тавофуқ дар бораи оташбас роҳро кушод.
Озарбойҷон 24-уми сентябр ва баъди чор рӯзи тавофуқ дар бораи оташбас роҳро кушод.
![Гурезаҳои арманӣ дар болои мошини боркаш дар гузаргоҳи Лочин. Ин гузаргоҳ зери назорати нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва марзбонони Озарбойҷон аст. Боку ваъда дод, ки Озарбойҷон нисбат ба арманиҳо аз фишор (табъиз) кор намегирад, аммо Ереван аз эҳтимоли "поккории қавмӣ" ҳушдор дод. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-b54e-08dbbf2f1785_w1024_q10_s.jpg)
7
Гурезаҳои арманӣ дар болои мошини боркаш дар гузаргоҳи Лочин. Ин гузаргоҳ зери назорати нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва марзбонони Озарбойҷон аст.
Боку ваъда дод, ки Озарбойҷон нисбат ба арманиҳо аз фишор (табъиз) кор намегирад, аммо Ереван аз эҳтимоли "поккории қавмӣ" ҳушдор дод.
Боку ваъда дод, ки Озарбойҷон нисбат ба арманиҳо аз фишор (табъиз) кор намегирад, аммо Ереван аз эҳтимоли "поккории қавмӣ" ҳушдор дод.
![Гурезаҳои арманӣ баъд аз гузаштан ба деҳаи Корнидзори Арманистон якдигарро ба оғӯш мегиранд. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-6bc4-08dbbf2f2319_w1024_q10_s.jpg)
8
Гурезаҳои арманӣ баъд аз гузаштан ба деҳаи Корнидзори Арманистон якдигарро ба оғӯш мегиранд.
Гуфтугӯ