Маҷористон ба сели эҳтимолии харобиовар омода мешавад
Бо боло рафтани сатҳи об дар дарёи Дунай, Маҷористон (Венгрия) барои пешгирӣ аз селу обхезии эҳтимолӣ дар ин кишвари аврупоӣ омода мешавад. Сарвазир Виктор Орбан ин вазъро яке аз душвориҳои пешорӯи Маҷористон дониста, ҳамзамон илова кардааст, ки мутахассисону ихтиёриён бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои андӯхтаашон чӣ кор кардани худро хуб медонанд.

5
Сатҳи баланди обро дар Дунай нишон медиҳад

6
Селу обхезӣ дар баъзе аз кишварҳои аврупоӣ дар ҳафтаҳои охир сабаби марги камаш 20 нафар шуд

7
Мири Будапешт мегӯяд, шаҳр барои муҳофизат аз селу обхезӣ 1 миллион халта қум ё регро истифода хоҳад кард

8
Тақрибан 10 ҳазор коргар ва 15 ҳазор ихтиёрӣ дар Будапешт барои пешгирӣ аз селу обхезӣ ва пайомадҳои эҳтимолии он тайёр шудаанд