Чиҳил сол қабл Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ инқилоби исломиро дар Эрон раҳбарӣ кард ва ҳукумати шоҳро сарнагун намуд. Ҳукумати динӣ дар Эрон ҷойгузини низоми шоҳӣ шуд. Аз он замон, Амрико аз як дӯст ва ҳампаймони Эрон ба душман табдил шуд.
Инқилоби исломии Эрон ба ривояти тасвир. 30 АКС
![Тонкҳои артиши Эрон дар роҳи фурудгоҳи Теҳрон. Артиш монеи парвози як ҳавопаймои ширкати ҳавоии Эрон шуд, то ба Порис парвоз кунад ва раҳбари табъидӣ Оятуллоҳ Хумайниро ба Эрон биёрад.](https://gdb.rferl.org/04b78cf3-9d86-475c-b889-4f59f0e9cb61_w1024_q10_s.jpg)
13
Тонкҳои артиши Эрон дар роҳи фурудгоҳи Теҳрон. Артиш монеи парвози як ҳавопаймои ширкати ҳавоии Эрон шуд, то ба Порис парвоз кунад ва раҳбари табъидӣ Оятуллоҳ Хумайниро ба Эрон биёрад.
![Чанд рӯз пас аз ихроҷи шоҳ, ҳазорон нафар, ба шумули хориҷиҳо маҷбур шуданд Эронро тарк кунад. Ин афрод аз ҷумла рӯзи 25-уми январи соли 1979 дар толори хуруҷии Фурудгоҳи Меҳробод ҷамъ омада ва мехостанд ба кишварҳои худ сафар кунанд. ](https://gdb.rferl.org/a3fd658e-d8e7-4356-83ae-320a3318d06f_w1024_q10_s.jpg)
14
Чанд рӯз пас аз ихроҷи шоҳ, ҳазорон нафар, ба шумули хориҷиҳо маҷбур шуданд Эронро тарк кунад. Ин афрод аз ҷумла рӯзи 25-уми январи соли 1979 дар толори хуруҷии Фурудгоҳи Меҳробод ҷамъ омада ва мехостанд ба кишварҳои худ сафар кунанд.
![Дар ҳоле, ки як халои раҳбарӣ ва нооромиҳои сиёсӣ ба миён омада буд, рӯзи 26-уми январи соли 1979 дар Теҳрон чанд даргирии пароканда сурат гирифт.](https://gdb.rferl.org/d1ec2187-35ec-41be-8013-4331069d397a_w1024_q10_s.jpg)
15
Дар ҳоле, ки як халои раҳбарӣ ва нооромиҳои сиёсӣ ба миён омада буд, рӯзи 26-уми январи соли 1979 дар Теҳрон чанд даргирии пароканда сурат гирифт.
![Оятуллоҳ Хумайнӣ, рӯзи 31-уми январи соли 1979 бӯстонсарои худ дар наздикии Порисро тарк кард, то ба ба Теҳрон сафар кунад.](https://gdb.rferl.org/cffa7556-de0c-43d9-84b7-b917e9aa1ef5_w1024_q10_s.jpg)
16
Оятуллоҳ Хумайнӣ, рӯзи 31-уми январи соли 1979 бӯстонсарои худ дар наздикии Порисро тарк кард, то ба ба Теҳрон сафар кунад.