Чиҳил сол қабл Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ инқилоби исломиро дар Эрон раҳбарӣ кард ва ҳукумати шоҳро сарнагун намуд. Ҳукумати динӣ дар Эрон ҷойгузини низоми шоҳӣ шуд. Аз он замон, Амрико аз як дӯст ва ҳампаймони Эрон ба душман табдил шуд.
Инқилоби исломии Эрон ба ривояти тасвир. 30 АКС

1
Теҳрон рӯзи 7-уми сентябри соли 1978 шоҳиди коршиканӣ ва эътирозҳои умумӣ алайҳи шоҳ буд. Ин рӯз ҳамчун "Ҷумъаи сиёҳ" шинохта шуд ва эътирозҳо саросари кишварро фаро гирифт ва эътирозгарон шоҳро ҳамчун гумоштаи Амрико хитоб кардад. Чаҳор рӯз баъд вазъияти фавқулодда эълон шуд.

2
Бо вуҷуди эълони ҳолати фавқулодда, ҳазорон нафар аз эътирозгарон рӯзи 9-уми октябри соли 1978 ба хиёбонҳои Теҳрон рехтанд ва алайҳи шоҳ Муҳаммадризо Паҳлавӣ шиорпартоӣ карданд.

3
Эътирозҳо рӯзи 5-уми ноябри соли 1978 дар хиёбонҳои Теҳрон ба даргирӣ мунҷар шуд. Дар авохири ин моҳ миёни сарбозон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи Теҳрон бархӯрди хунин сурат гирифт.

4
Дар эътирозҳои рӯзи 28-уми ноябри соли 1978 донишҷӯён алайҳи Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки аз соли 1941 ҳукуматро дар даст дошт, шиорҳои "Марг бар шоҳ"-ро сар доданд.