Дар заминларзаи рӯзи 6-уми феврали имсол дар Туркия ва Сурия зиёда аз 24 ҳазор кас ҷон бохтанд. Эҳтимол теъдоди қурбониён бештар шавад. Дар аксҳои зер зилзилаҳои пурқурбонии дунё дар 25 соли ахир тасвир шудаанд.
Тасвири зилзилаҳои пурқурбонӣ дар 25 соли охир дар ҷаҳон

1
Сокинони Қаҳрамонмараши Туркия дар назди як бинои фурӯрехта худро гарм мекунанд

2
Вилояти Хусти Афғонистон баъд аз заминларза. Дар пайи зилзилаи рӯзи 22-юми июни соли 2022, ки ба 6,1 дараҷа баробар буд, беш аз 1100 нафар ҷон бохтанд

3
Тасвири меҳмонхонаи Le Manguier аз баландӣ. Ин меҳмонхона дар Ҳаитӣ дар заминларзаи 14-уми августи соли 2021 фурӯ рехт. Дар пайи ин зилзилаи 7,2-дараҷаӣ беш аз 2200 нафар ҷон додаанд

4
Масҷиди Байтурраҳмон баъд аз заминларза ва сунамӣ. Дар моҳи сентябри соли 2018 дар пайи сунамӣ, ки бар асари заминлара бархост, дар шаҳри Палуи ҷазираи Сулавеси 4300 нафар ба ҳалокат расиданд
Гуфтугӯ