Дар деҳаи Донйе Любинйеи Косово аксар сокинони босниягӣ расме доранд, ки арӯсро пурнақшу нигор мекунанд. Ин одат ҳазорсолаҳо пеш вуҷуд дошт ва барои аз чашму бахти бад нигоҳ доштани духтари навхонадор ҷорӣ шудааст.
Арӯси пурнақшу нигори Косово

1
Занони маҳаллӣ Селлма Демировичро ба ҷашни арӯсӣ омода мекунанд. Арӯсони деҳаи Донйе Любинйе, ки аксари 3 ҳазор сокинаш босниягӣ мебошанд, маъмулан ҳамингуна бо сурати пурнақшу нигор дар шаби арӯсӣ иштирок мекунанд. Ин деҳа дар мавзеи кӯҳии Шар дар марзи байни Косово ва Македонияи Шимолӣ ҷойгир аст.

2
Симои арӯсро Азиза Сефитагичи 73-сола ранг мекунад. Расме, ки таърихи қадимӣ дорад, бо гузашти ҳазорсолаҳо аз байн нарафтааст.

3
Рақси занони Донйе Любинйе пеш аз маросими арӯсӣ.

4
Сефитагич мегӯяд, наққошии рӯйи арӯс ба хотири аз бахти бад нигоҳ доштани ӯ ва оилаи наваш одат шудааст. Ин зани рӯзгордида яке аз охирин шахсонест, ки шакли дурусти наққошии рӯйи арӯсро медонад. Ҷавонон, ба гуфтаи ӯ, ба ин ҳунар майли зиёд нишон намедиҳанд.