Мақомоти Русия чаҳор зодаи Тоҷикистонро ба гумони ҳамла ба маркази мусиқии “Крокус” дар наздикии Маскав ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Акси баъзеи онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, лаҳзаи боздошту бозпурсӣ ва мурофиаи додгоҳӣ дар инҷо гирд овардем.
Акси чор гумонбари ҳамла ба "Крокус" дар гузашта ва ҳоло
![Муҳаммадсобир Файзов, 19-сола, дар вилояти Иваново ба ҳайси сартарош кор мекард. Аввал дар сартарошхонаи "Плошадка" буд ва дар моҳи ноябри соли 2023 ба барбершопи "My Style" дар шаҳри Тейково рафт. Пас аз таҷрибаандӯзӣ дар ҷойи нави кор 11-уми январи имсол бо баҳонаи камии маош аз онҷо низ рафтааст. Акси аввал аз саҳифааш дар "ВКонтакте", акси дувум ҳангоми ҳозир шуданаш дар Додгоҳи Басманнии Маскав. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-47e4-08dc4cd230ed_w1024_q10_s.png)
1
Муҳаммадсобир Файзов, 19-сола, дар вилояти Иваново ба ҳайси сартарош кор мекард. Аввал дар сартарошхонаи "Плошадка" буд ва дар моҳи ноябри соли 2023 ба барбершопи "My Style" дар шаҳри Тейково рафт. Пас аз таҷрибаандӯзӣ дар ҷойи нави кор 11-уми январи имсол бо баҳонаи камии маош аз онҷо низ рафтааст. Акси аввал аз саҳифааш дар "ВКонтакте", акси дувум ҳангоми ҳозир шуданаш дар Додгоҳи Басманнии Маскав.
![Фаридуни Шамсиддин, 25-сола, аз деҳаи Лойоби Ҳисор. Як додгоҳи шаҳри Маскав шаби 24-уми март ӯро бо айби "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифт. Наздиконаш мегӯянд, ба иттиҳоми эълонкардаи мақомоти Русия бовар надоранд. Фаридуни Шамсиддин соли 2022 издивоҷ карда, як писари ҳаштмоҳа дорад. Ба нақли хешонаш, шаш моҳ пеш ба Русия рафтааст. Акси аввал аз шабакаҳои иҷтимоӣ, акси дувум аз Додгоҳи Басманнии Маскав](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-94ba-08dc4cd230e3_w1024_q10_s.png)
2
Фаридуни Шамсиддин, 25-сола, аз деҳаи Лойоби Ҳисор. Як додгоҳи шаҳри Маскав шаби 24-уми март ӯро бо айби "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифт. Наздиконаш мегӯянд, ба иттиҳоми эълонкардаи мақомоти Русия бовар надоранд. Фаридуни Шамсиддин соли 2022 издивоҷ карда, як писари ҳаштмоҳа дорад. Ба нақли хешонаш, шаш моҳ пеш ба Русия рафтааст. Акси аввал аз шабакаҳои иҷтимоӣ, акси дувум аз Додгоҳи Басманнии Маскав
![Далерҷон Мирзоев пештар дар хонаи як хешовандаш дар Новосибирск сабтином шудааст. Ҳамин хешовандаш ба нашрияи “Комсомолская Правда” гуфтааст, ки ӯ қаблан таксӣ меронд, вале вақтҳои охир дар Маскав буд. Акси ӯ лаҳзаи бозпурсӣ ва мурофиаи додгоҳӣ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-5b1d-08dc4c9d9691_w1024_q10_s.jpg)
3
Далерҷон Мирзоев пештар дар хонаи як хешовандаш дар Новосибирск сабтином шудааст. Ҳамин хешовандаш ба нашрияи “Комсомолская Правда” гуфтааст, ки ӯ қаблан таксӣ меронд, вале вақтҳои охир дар Маскав буд. Акси ӯ лаҳзаи бозпурсӣ ва мурофиаи додгоҳӣ
![Далерҷон Мирзоев дар Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав](https://gdb.rferl.org/57eca1a3-d15b-4389-9c9a-c8c9c937960a_w1024_q10_s.jpg)
4
Далерҷон Мирзоев дар Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав