Сокинони Афғонистон дар вартаи фақру нодорӣ
Созмони ҷаҳонии ғизо, ки як бахше аз СММ мебошад, гуфт, моҳи ҷорӣ ироаи кӯмакҳо боз ба 2 миллион сокини Афғонистон коҳиш ёфт. Ин созмон аз хатари гуруснагиву ниёзмандии шадиди сокинони Афғонистон дар остонаи зимистони имсола ҳушдор медиҳад. Хонаводаи Карим яке аз онҳо мебошад

1
Бобо Карим 45 сол дорад ва дар Кобул аз роҳи аробакашӣ рӯзӣ ба даст меорад. Мисли ӯ, 90 дарсади аҳолии Афғонистон зери хати фақр ба сар мебаранд. Акс аз 3 сентябр

2
Карим дар бозори Кобул интизори фармоиш аст. Пеш аз омадани Толибон дар соли 2021 даромади рӯзонаи ӯ тахминан 5,5 доллар буд, ҳоло ба сахтӣ 2 доллар дар рӯз даромад меёбад

3
Карим дар як хонаи фарсудае бо ҳамсар ва панҷ фарзандаш зиндагӣ мекунад. Се фарзандаш маъюб ҳастанд. Кӯмакҳое, ки оилаи Карим аз Созмони ҷаҳонии ғизо (СҶҒ) ба даст меорад, барои онҳо хеле муҳим аст. Ӯ мегӯяд, аз ояндааш бисёр нигарон аст.

4
Раҳмат, писари Карим аз тирезаи хона ба берун менигарад. СҶҒ мегӯяд, интизор меравад то охири моҳи октябр ба Афғонистон кӯмакҳои ғизоӣ ворид мешавад. Ин ёриҳо бештар барои оилаҳои мисли Карим, ки дар фақри сахт зиндагӣ мекунанд, дода хоҳанд шуд.