Кандакорҳои ҳиротӣ бо нақши нуристонӣ кор мекунанд
Дар Афғонистон гурӯҳи бонувоне дар як коргоҳе дар Ҳирот бо кандакорӣ машғуланд. Ин занҳо ҳунари қадимии кандакоию дуредгариро аз нуристониҳо омӯхтаанд.

1
29 ноябр. Дар коргоҳе дар Ҳироти Афғонистон гурӯҳи бонувон бо шеваи нуристонии кандакорӣ кор мекунанд. Ин шеваи суннатии кандакорӣ бештар дар шарқи Афғонистон ҳифз шудааст.

2
Давоми се соли гузашта ин гурӯҳи ҳунармандон бо истифода аз шеваи мураккаби нақшофарӣ дар рӯи деворҳои хонаву масҷидҳо маҳсулоти нав эҷод карданд.

3
Кор асосан бо искана иҷро мешавад.
Нуристонӣ - як шеваи қадимии дуредгарӣ аст. Мегӯянд, онро мардуми кӯчии ғайримусалмоне ҷорӣ кардааст, ки дар минтақаи ба ном "Кофиристон" мезист.
https://www.turquoisemountain.org/blog/nuristan-shedding-light-on-an-inaccessible-craft

4
Анъанаи кандакории нуристониҳо аз даврони пешазисломӣ маъруф буд ва коргарони иҷрокунандаи онро "борӣ" мегуфтанд