Толибон солҳои 1996-2001 ҳукумати Афғонистонро дар даст доштанд.
Афғонистон дар аҳди Толибон
Дар ҳоле, ки Толибон бо ҷонибҳои мухталифи сиёсӣ вориди музокирот шудаанд, аксҳое аз бойгонӣ саҳифаҳои торики таърихи Афғонистонро дар солҳои ҳукмронии ин гурӯҳи тундрав бозгӯ мекунанд.

5
Дар аҳди Толибон занон вазифадор буданд, ки сару рӯи худро баста ва танҳо ҳамроҳ бо як узви марди хона ба берун бароянд

6
Занони Кобул. Толибон занонро аз ҳақи таҳсилу кор маҳрум карданд.

7
Толибон бозии футбро дар яке аз варзишгоҳҳои Кобул назорат мекунанд. Футбол хеле маъруф буд ва бахусус баъди он ки Толибон бозиҳои бодбарак ва бузкаширо "ғайриисломӣ" номида манъ карданд, ин бозӣ яке аз камтарин варзишҳое буд, ки барояш иҷозаи фаъолият доданд

8
Толибон аъзои тими футболи Покистонро барои он ки бо эзори кӯтоҳ ҳунарнамоӣ карданд, муҷозот намуданд. Сарҳои онҳо тарошида шуд. Ба футболбозон дар ҳангоми бозӣ амр шуд, ки саропо баста бошанд. Варзишгарони дигар, ба мисли муштзанҳо, мебоист миёни қоидаҳои варзишии худ ва Толибон муомила мекарданд. Вақте ду муштзани афғон барои бозӣ ба Покистон рафтанд, доварон аз онҳо талаб карданд, ки ришҳои худро битарошанд. Аз тарси Толибон варзишгарон риши худро даст нарасониданд ва бо ҳамин, бидуни ширкат дар муҳорибаҳо ба ватан баргаштанд