Мусиқӣ дар печу хами "харобот"
Дар замони Амир Шер Алихон дар авохири садаи нуздаҳуми милодӣ, шуморе аз ҳунармандони ва овозхонони ҳиндӣ ба Афғонистон даъват шуда дар доманаи «Болои Ҳисор»-и Кобул, дар кӯчаи «Хоҷа Хурдак» ҷойгузин шуданд. Баъдҳо ин минтақа, ки дар бистари ҳарири ин мусиқӣ печида шуда буд, ба номи «кӯчаи харобот» ёд шуд ва устодони бузурге чун Қосими Афғон, Ғулом Ҳусайн, Сароҳанг, Муҳаммад Умар Нату, Раҳимбахш ва садҳо беҳамтои дигар дар оғӯши он парвариш ёфтанд. Акнун бо васфи он, ки аз кӯча ҷуз вайронаи ваҳшатнок чизе беш боқӣ намондааст, ҳанӯз ҳам навои рӯҳбахши мусиқӣ дар печу хами кӯчаҳояш ба гӯш мерасад.