Соли 2025 ба ривояти аксҳо
Шуморе аз таъсиргузортарин лаҳзаҳо ва муҳимтарин рӯйдодҳои хабарӣ аз манотиқи таҳти пӯшиши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон давоми соли ҷорӣ тавассути аксбардорон сабт шудааст.
21
Бахше аз муҷассамаи бузурги Масеҳ дар атрофи Ереван, пойтахти Арманистон дар 26 август. Армен Самвелян, муҷассамасози арманӣ машғули кор рӯи ин ёдбуд аст, ки қарор аст бар фарози пояе ба баландии 44 метр, бар қуллаи куҳи Атис дар наздикии Ереван насб шавад. Акс аз AFP.
22
Як хайёт ё дӯзандаи афғон рӯзи 13 май дохили мағозааш дар шаҳри Ҳирот бурқа медӯзад. Аз замони ба сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021, шароити зиндагии занон ва духтарон душвор шудааст ва акнун занон маҷбур ҳастанд дар ҷойҳои умумӣ чеҳраи худро пӯшонанд. Акс аз Муҳсин Каримӣ, AFP.
23
Таблиғи барномаи гуфтугӯи телефонӣ ва нишасти хабарии поёни соли Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар яке аз таблоҳои пойтахти Русия. Акс аз Рамил Сиддиқов, хабаргузории "Рейтерз".
24
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 15 август дар Аляска бо Владимир Путин, президенти Русия мулоқот кард. Акс аз хабаргузории "Рейтерз".