Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна "Татра"-ро дар кӯҳҳои Ишкошим наҷот доданд

Дар Тоҷикистон як мошини сайҳони Ҷумҳурии Чехи ширкатдорони барномаи видеоии “Саёҳати сайёра бо Татра 2” ба садама дучор шуд.

Ҳодиса 5 сентябр дар кӯҳҳои ҳудуди ноҳияи Ишкошим дар баландии 3000 метр рух дод. Тарҳи видеоии машҳури сайёҳони чехӣ фаъолияти худро пеш аз мӯҳлат анҷом дод. Нӯҳ узви тими сайёҳӣ дар садамаи автомобилӣ бо ҷароҳатҳои сабук ҷон ба саломат бурданд ва ҳашт нафари онҳо тавонистанд ба хона ба Прага баргарданд. Муассиси лоиҳа Марек Ҳавличек дар Тоҷикистон дар паҳлӯи мошини маъруфаш қарор дорад, ки то рӯзи садама тавонистааст 175 ҳазор километр масофаро аз Чехия то Африқо, аз Амрико то Узбакистон бовуффақият тай кунад. Аксҳоро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Марек Ҳавличек дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд.


Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG