Гуруснаву ташна ва бо ояндаи норӯшан. Фирори арманиҳо аз Қаробоғ
Мақомоти Арманистон ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи охир зиёда аз 100 ҳазор арманӣ Қаробоғи Кӯҳиро тарк карданд. Аксари онҳо аз гуруснагӣ, ранҷи роҳ ва ояндаи норӯшани худ ташвиш доранд. Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи асосан арманинишин моҳи сентябри имсол дар натиҷаи амалиёт ба зери назорати Озарбойҷон даромад.
![Гурезаҳо дар мошини боркаш дар ҷануби Арманистон. Онҳо интизори сафар ба Ереван ҳастанд. Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен 26-уми сентябр президенти Озарбойҷонро ба ҳимояи сокинони мулкии Қаробоғ даъват кард. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-c6ab-08dbbf2f177d_w1024_q10_s.jpg)
9
Гурезаҳо дар мошини боркаш дар ҷануби Арманистон. Онҳо интизори сафар ба Ереван ҳастанд.
Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен 26-уми сентябр президенти Озарбойҷонро ба ҳимояи сокинони мулкии Қаробоғ даъват кард.
Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен 26-уми сентябр президенти Озарбойҷонро ба ҳимояи сокинони мулкии Қаробоғ даъват кард.
![Гурезаҳои арманӣ дар маркази Салиби Сурх дар Горис. Энтони Блинкен дар суҳбат ба Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, гуфтааст, Боку барои бе мамониат расондани ёриҳои башардӯстона ба Қаробоғ бояд иҷозат диҳад. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-e198-08dbbf3600e1_w1024_q10_s.jpg)
10
Гурезаҳои арманӣ дар маркази Салиби Сурх дар Горис.
Энтони Блинкен дар суҳбат ба Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, гуфтааст, Боку барои бе мамониат расондани ёриҳои башардӯстона ба Қаробоғ бояд иҷозат диҳад.
Энтони Блинкен дар суҳбат ба Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, гуфтааст, Боку барои бе мамониат расондани ёриҳои башардӯстона ба Қаробоғ бояд иҷозат диҳад.
![Ин мард дар натиҷаи таркиш дар анбори сӯзишворӣ дар наздикии шаҳри Степанакерти Қаробоғ захмӣ шудааст. Ӯро ба бахши беморони сӯхтагӣ ба шаҳри Ереван овардаанд. Омбудсмени минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғ Гегам Степанян ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи маълумоти тасдиқшуда, дар таркиш 68 кас қурбон шудааст. Ҳодиса замоне рух дод, ки мошини ҳомили одамон ба самти Арманистон, дар навбат барои гирифтани бензин меистод. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-2e7e-08dbbf25c636_cx0_cy5_cw0_w1024_q10_r1_s.jpg)
11
Ин мард дар натиҷаи таркиш дар анбори сӯзишворӣ дар наздикии шаҳри Степанакерти Қаробоғ захмӣ шудааст. Ӯро ба бахши беморони сӯхтагӣ ба шаҳри Ереван овардаанд.
Омбудсмени минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғ Гегам Степанян ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи маълумоти тасдиқшуда, дар таркиш 68 кас қурбон шудааст. Ҳодиса замоне рух дод, ки мошини ҳомили одамон ба самти Арманистон, дар навбат барои гирифтани бензин меистод.

![Зани пиронсол бо захм дар сараш дар маркази сабтиноми гурезаҳо дар Горис истодааст. 27-уми сентябри соли 2023. Мошини ин оила дар вақти фирор аз Қаробоғ ба садама дучор шуд. Вазорати тандурустии Озарбойҷон 27-уми сентябр хабар дод, ки дар ҳамлаи охири нерӯҳои Озарбойҷон, 192 низомии озарӣ кушта шуда, 511 кас ҷароҳат бардошт. Намояндагони расмии арманиҳои Қаробоғ гуфтанд, дар ҷараёни амалиёти низомӣ аз тарафи онҳо камаш 200 кас, аз ҷумла 10 сокини маҳаллӣ кушта шуда, зиёда аз 400 нафар маҷруҳ шуданд. ](https://gdb.rferl.org/01000000-0aff-0242-b1bc-08dbbf2f1770_w1024_q10_s.jpg)
12
Зани пиронсол бо захм дар сараш дар маркази сабтиноми гурезаҳо дар Горис истодааст. 27-уми сентябри соли 2023. Мошини ин оила дар вақти фирор аз Қаробоғ ба садама дучор шуд.
Вазорати тандурустии Озарбойҷон 27-уми сентябр хабар дод, ки дар ҳамлаи охири нерӯҳои Озарбойҷон, 192 низомии озарӣ кушта шуда, 511 кас ҷароҳат бардошт.
Намояндагони расмии арманиҳои Қаробоғ гуфтанд, дар ҷараёни амалиёти низомӣ аз тарафи онҳо камаш 200 кас, аз ҷумла 10 сокини маҳаллӣ кушта шуда, зиёда аз 400 нафар маҷруҳ шуданд.

Гуфтугӯ