Як соли ҷанг. Аз сари Украина ва мардумаш чӣ гузашт?
Аз таҷовузи Русия ба хоки Украина як сол гузашт. Баъзе аз шаҳру минтақаҳои Украина аз тарафи Русия ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Маскав ишғол шуда, дертар дубора ба дасти Киев гузаштанд. Даргирӣ дар чанд гӯшаи дигар идома дорад. Дар аксҳо бинед, ки аз сари Украина ва мардуми он чӣ гузаштааст.

29
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар Конгресси Амрико. 21-уми декабри 2022

30
Ин мард барои ҳамсараш мегиряд, ки шаби 25 ба 26-уми январи 2023 ба сабаби афтодани мушакҳои Русия ба хонаашон дар Запорожйе кушта шуд.

31
Харобиҳои монда аз ҳамлаҳои мушакии Русия. Канори Киев, 26-уми январи 2023

32
Тонки вайроншудаи Русия зери барф дар Святогорск хобидааст, 12-уми феврали 2023
Гуфтугӯ