Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ид барои хушҳолӣ ё таблиғи фарҳанги бегона. Ҷашни Ҳелловин дар Бохтар

Гурӯҳе аз ҷавонон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз ҷашни Ҳелловин таҷлил карданд. Ин ҷашнро ҷавонон рӯзи 30-юми отябр бо оро додани кадуҳо ва барномаи фарҳангӣ дар гӯшаи Амрикоии Бохтар ҷашн гирифтанд. Наврасону ҷавонон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ҳар сол дар марказҳои дилхӯшӣ ва Гушаҳои фарҳангии Амрико иди Ҳелловинро таҷлил мекунанд. Ҳелловин аслан иди англисҳост, ки аз асри 9 то инҷониб таҷлил мешавад, ҳарчанд дар тӯли асрҳо расму анъанаҳои ин ид такмил ёфта, тағйир хӯрдаанд. Муҳимтарин унсури ҷашн ин аст, ки иштирокдорони он шомгоҳон либосҳои ваҳмангези мухталиф мепӯшанд ва шодиву хурсандӣ мекунанд.
Кадуи рангуборшуда ҳамроҳ бо шамъи фурӯзон, ки дар назди хонаҳо гузошта мешавад, рамзи дигари ин ид шумурда мешавад. Ҳикмати идро “дур кардани арвоҳи бад” ва “арҷ гузоштан ба зиндагиву хушиву хурсандӣ” медонанд. Дар Тоҷикистон ҷашни Ҳелловин ҷонибдору мухолиф дорад. Мухолифонаш ба инанд, ки ин ҷашн миллӣ нест. Ҷонибдоронаш зидди мамнӯъ кардани ҳар гуна баҳонаи шодиву хурсандианд. Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон монеи таҷлили Ҳелловин шуда, мегуфтанд, "ин ид барои тоҷикон бегона аст". Соли 2014 кормандони пулиси шаҳри Душанбе монеи таҷлили ин ҷашн дар маркази дихушии Порт-Саид шуда, ҷавононро пароканда карда буданд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG