Дар поёни соли 1991 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ пош хӯрд. Пеш аз он саросари ин кишвари азимро, аз Душанбе то Вилнюс, эътирозҳову раҳпаймоиҳои мардумӣ пур кард.
Дар остонаи фурӯпошии СССР: Эътирозҳо дар Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигари Шӯравӣ

9
Садҳо ҳазор сокини Эстония ва Литва дар як гирдиҳамоии бемисле аз назди манораи "Германи дароз" дар Таллин то манораи Гедиминас саф оростанд. Пеш аз ин намоишҳои эътирозии ташкилшуда аз ҷониби Иттиҳоди истиқлоли Литва барпо шуд. Акс аз 23-юми августи соли 1989, шаҳри Вилнюс

10
Тоторҳои Қрим дар намоиши эътирозӣ дар шаҳри Краснодар бозгардондани қаламравҳои бобоии худро талаб доранд. Ин аввалин намоиши калони эътирозӣ буд, ки дар борааш матбуоти Шӯравӣ хабар дод. 6-уми марти соли 1988

11
Эътироз дар Киев аз ҷониби ҳаракати миллии "Рух" ташкил шуд. 23-юми октябри соли 1989

12
Се миллион сокини Украина аз Лвов то Киев саф ороста, солгарди муттаҳидшавии Ҷумҳурии Мардумии Украина ва Ҷумҳурии Ғарбии Мардумии Украинаро дар соли 1919 ҷашн гирифтанд. 21-уми январи соли 1990