Рӯзи 18 июн дар Эрон президенти нави Ҷумҳурии Исломиро интихоб мекунанд. Раҳбари Олӣ аз сокинон хост, ки ҳатман овоз диҳанд, дар ҳоле, ки бархе баъди роҳ наёфтани бисёр номзадҳои нисбатан озодандеш ба бойкоти интихобот даъват карданд
Эрониҳо президенти нав интихоб мекунанд

1
Тарафдорони Иброҳим Раисӣ, шахсе, ки бовар меравад шонси бештари пирӯзӣ дар интихоботро дорад, дар шаҳри Теҳрон раҳпаймоӣ мекунанд. Раисӣ яке аз он додрасҳое буд, ки соли 1988 дар натиҷаи муҳокимаҳои босуръат ҳазорҳо зиндонии сиёсиро ба марг маҳкум кард

2
Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ рӯзи 18 июн дар овоздиҳӣ иштирок кард

3
Як марди овоздода дар интихобот дар пасманзари масҷиде дар Теҳрон акс мегирад, ки рӯзи 18 июн мизбони интихобот шуд

4
Овоздиҳии Муҳсин Ризоӣ, яке аз довталабони курсии раёсатҷумҳурӣ. Ин афсари баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ҳамчун "номзади доимӣ" ёд мекунанд. Ӯ дар интихоботи соли 2009 1,7 ва соли 2013 - 10,5 дарсади овозҳои мардумро ба даст оварда буд.