Арманитаборҳои зиёд, ки ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк мекунанд, тасмим гирифтанд хонаҳоро вайрон карда, ҳамроҳи худ ҳар чизе ба даст омад, бубаранд. Дар оғози солҳои 1990 ин қаламравҳо аз ҷониби арманиҳо гирифта шуданд ва ҳоло, қабл аз он ки зери назари Озарбойҷон гузаранд, хароб мешаванд.
Арманиҳо пеш аз тарки ноҳияҳои атрофи Қаробоғ хонаҳоро оташ мезананд

1
Сокинон саҳнаи ба хокистар табдил шудани хонаҳоро дар деҳаи Чаректар (Чарактар ба озарӣ)-и ноҳияи Келбаҷар тамошо мекунанд. Ноҳияи кӯҳистонии воқеъ дар ғарби Қаробоғи Кӯҳӣ бар асоси созиши Еревану Боку ба Озарбойҷон баргардонида мешавад

2
Ходими калисо як ороишоти дайр ё ибодатгоҳи роҳибони Дадиванк, воқеъ дар ноҳияи Келбаҷарро бо худ мебарад

3
Дуд ба осмон мепечад, роҳи мошингард баста шудааст. Арманитаборҳои Келбаҷар ин маконро тарк мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ноҳияро қаламрави Озарбойҷон мешуморад. Арманитаборҳо мегӯянд, онҳо бо ин сарзамин иртиботи таърихӣ доранд ва муассисаҳои масеҳии бунёдшуда дар ин қаламрав, ба гуфтаашон, баёнгари ин аст.

4
Дар назди дайр ё ибодатгоҳи роҳибони Дадиванк дар ноҳияи Келбаҷар истгоҳи бензин оташ зада шудааст. Оғози солҳои 1990-ум, вақте ҷудоиталабони арманитабор бо пуштибонии Ереван ин қаламравҳоро ишғол карданд, садҳо ҳазор озарбойҷониҳо ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк карданд