Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Нурмагомедов ва хушҳолии ҳаводоронаш дар Тоҷикистон

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), варзишкори маъруфи доғистонӣ, ба рақибаш Дастин Поре аз Амрико пирӯз омад ва унвони қаҳрамониро дар созмони UFC ҳифз кард.

Рақобати Нурмуҳаммадов ва Поре шаби 7 ба 8-уми сентябр дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Сабқат хеле пуршиддат ҷараён гирифт. Нурмуҳаммадов дар даври севум бо роҳи буғӣ кардан Пореро шикаст дод.


Бахшҳо

XS
SM
MD
LG