Даъвати мардум тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ садо дод #saveourbaikal
Ҳама умед ба Леонардо Ди Каприо. Аз ситораи Ҳолливуд хостанд, кӯли Байкалро "ҳифз кунад"
Баҳси азими атрофи кӯли Сибир ҳазорҳо сокини Русияро ба ин натиҷа овард, ки ситораи Ҳолливуд метавонад дар ҳифзи обҳои Байкал кӯмак кунад.
![Соли 2019, вақте ширкати чиние дар соҳилҳои Байкал ба сохтмони корхонаи истеҳсоли об шурӯъ кард, сокинони маҳаллӣ хеле нороҳат шуданд.](https://gdb.rferl.org/04e9b1d8-220d-422f-88d9-231a101b06ab_w1024_q10_s.jpg)
9
Соли 2019, вақте ширкати чиние дар соҳилҳои Байкал ба сохтмони корхонаи истеҳсоли об шурӯъ кард, сокинони маҳаллӣ хеле нороҳат шуданд.
![Оби истеҳсолшуда аксаран ба хориҷа ба фурӯш меравад. Беш аз 1 миллион сокини маҳаллӣ ариза имзо карда моҳи март пеши роҳи бунёди корхонаро гирифтанд. ](https://gdb.rferl.org/8d214dc8-23fe-4f13-9dcc-eb3440fde110_w1024_q10_s.jpg)
10
Оби истеҳсолшуда аксаран ба хориҷа ба фурӯш меравад. Беш аз 1 миллион сокини маҳаллӣ ариза имзо карда моҳи март пеши роҳи бунёди корхонаро гирифтанд.
![Вазъи баамаломада боиси муроҷиат ба саҳифаи русии Ди Каприо шуд. Ин ҳунарпеша замоне гуфта буд, ки хуни русӣ ҳам дорад. Рӯзи 18 июл фаъолони ҳимояи Байкал хостанд, ки ба номи ҳунарпешаи маъруф муроҷиате шавад, то ки ин "муборизи машҳури муҳити зист ва як шахсияти матраҳ" аз кӯл ҳимоят кунад. Ба номи Ди Каприо навиштанд: "Ҳамватан, ҷумбиши ҳимоят аз Байкалро дастгирӣ кун. Байкал маънои зиндагии мост!" ](https://gdb.rferl.org/7fe5b295-21e3-494f-819a-89656e180443_w1024_q10_s.jpg)
11
Вазъи баамаломада боиси муроҷиат ба саҳифаи русии Ди Каприо шуд. Ин ҳунарпеша замоне гуфта буд, ки хуни русӣ ҳам дорад. Рӯзи 18 июл фаъолони ҳимояи Байкал хостанд, ки ба номи ҳунарпешаи маъруф муроҷиате шавад, то ки ин "муборизи машҳури муҳити зист ва як шахсияти матраҳ" аз кӯл ҳимоят кунад. Ба номи Ди Каприо навиштанд: "Ҳамватан, ҷумбиши ҳимоят аз Байкалро дастгирӣ кун. Байкал маънои зиндагии мост!"
![Як шореҳи Инстаграм навишт: "Салом, Лео. Ин ҳолатест, ки дар Русия мегузарад. Онҳо Байкалро ба чиниҳо фурӯхтанд ва чиниҳо оби онро хушк мекунанд. Барои ҳимоят аз Байкал кӯмак кун. Путин ва сагҳояш сарватҳои кишварро медузданд ва мефурӯшанд. Ба мо посух бидеҳ" ](https://gdb.rferl.org/18b83714-74bf-4854-9ff8-86804e391652_w1024_q10_s.jpg)
12
Як шореҳи Инстаграм навишт: "Салом, Лео. Ин ҳолатест, ки дар Русия мегузарад. Онҳо Байкалро ба чиниҳо фурӯхтанд ва чиниҳо оби онро хушк мекунанд. Барои ҳимоят аз Байкал кӯмак кун. Путин ва сагҳояш сарватҳои кишварро медузданд ва мефурӯшанд. Ба мо посух бидеҳ"