Чиҳил сол қабл Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ инқилоби исломиро дар Эрон раҳбарӣ кард ва ҳукумати шоҳро сарнагун намуд. Ҳукумати динӣ дар Эрон ҷойгузини низоми шоҳӣ шуд. Аз он замон, Амрико аз як дӯст ва ҳампаймони Эрон ба душман табдил шуд.
Инқилоби исломии Эрон ба ривояти тасвир. 30 АКС
![Оятуллоҳ Хумайнӣ бо писараш Аҳмад. Ӯ дар миёни мардум суханронӣ мекунад. 4-уми феврали соли 1979. ](https://gdb.rferl.org/c246018e-bf1a-4945-829f-4278a0f38151_w1024_q10_s.jpg)
21
Оятуллоҳ Хумайнӣ бо писараш Аҳмад. Ӯ дар миёни мардум суханронӣ мекунад. 4-уми феврали соли 1979.
![Маҳди Бозаргон дар миёни тадобири шадиди амниятӣ рӯзи 9-уми январ дар Донишгоҳи Теҳрон суханронӣ кард. Оқои Бозаргон аз сӯи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба унвони раҳбари ҳукумат баргузида шуд то як интихоботи шаффофро дар кишвар баргузор кунад ва роҳро барои ҳукумати исломӣ ҳамвор намояд.](https://gdb.rferl.org/997ac9dc-1c23-45f1-abc7-6784a811ff68_w1024_q10_s.jpg)
22
Маҳди Бозаргон дар миёни тадобири шадиди амниятӣ рӯзи 9-уми январ дар Донишгоҳи Теҳрон суханронӣ кард. Оқои Бозаргон аз сӯи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба унвони раҳбари ҳукумат баргузида шуд то як интихоботи шаффофро дар кишвар баргузор кунад ва роҳро барои ҳукумати исломӣ ҳамвор намояд.
![Мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" пас аз бархӯрд дар Теҳрон дар рӯзи 10-уми феврали соли 1979, захмиёнро интиқол медиҳанд. Бар асари даргирӣ миёни артиш ва тарафдорони Хумайнӣ беш аз 60 нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд. ](https://gdb.rferl.org/7dcdf558-b878-4d81-bb99-5e70c9e465ad_w1024_q10_s.jpg)
23
Мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" пас аз бархӯрд дар Теҳрон дар рӯзи 10-уми феврали соли 1979, захмиёнро интиқол медиҳанд. Бар асари даргирӣ миёни артиш ва тарафдорони Хумайнӣ беш аз 60 нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд.
![Мардони мусаллаҳи тарафдори Оятуллоҳ Хумайнӣ дар рӯбарӯи сафорати Амрико дар Теҳрон, рӯзи 15-уми феврали соли 1979, як рӯз баъд аз юриш ба ин бинои дипломатӣ. ](https://gdb.rferl.org/814916fc-a299-48a1-9612-6fcc029147fc_w1024_q10_s.jpg)
24
Мардони мусаллаҳи тарафдори Оятуллоҳ Хумайнӣ дар рӯбарӯи сафорати Амрико дар Теҳрон, рӯзи 15-уми феврали соли 1979, як рӯз баъд аз юриш ба ин бинои дипломатӣ.