Дар давоми як рӯзи поккории барфҳои зиёд онҳо тавонистанд ба сахтӣ 18 метри роҳро аз барф тоза кунанд, вале дар маҷмӯъ бояд 2,5 км роҳи деҳа ба сӯи роҳи мошингарди калонро аз барф тоза кунанд.
Сарҳадчиён дар банди барф монданд
Даҳҳо сокини деҳаи марзии Сарҳадчиён (собиқ Қарамиқ)-и ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ), ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, баъди дар инзивои думоҳаи барфу тарма мондани деҳа, субҳи рӯзи 6 март ҳашаре ташкил карда ба пок кардани барфи назди деҳа шурӯъ карданд.

9

10
Ҳоло, мегӯянд сокинон, мушкили асосии онҳо камбуди захираҳои ғизо будааст. Масдудияти роҳ имкон намедиҳад, ки аз маркази ноҳия ва шаҳрҳои наздик ба хонаашон маводи мавриди ниёз харидорӣ кунанд.

11

12
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, бар асари тармафароии давомдор, роҳ дар ҳоли поксозӣ қарор дорад ва ҳанӯз пурра мавриди истифода қарор наёфтааст