Дар Амстердам барандагони World Press Photo барои беҳтарин акси журналистӣ эълон шуданд. Беҳтарин аксҳо аз соли гузашта дар нигористони "Настоящего Времени"
Беҳтарин аксҳои сол аз нигоҳи World Press Photo

5
Ҷоизаи аввал дар бахши "Зиндагӣ" насиби аксе аз Пола Бронштейн шуд. Дар ин акс як зани афғон бо номи Наҷиба дида мешавад, ки бародарзодаашро, ки дар як ҳамлаи террористӣ, захмӣ шуда буд, дар даст дорад ва ашк мерезад.

6
Барандаи бахши "Зиндагӣ -таърих". Як сартарошхона дар минтақаи кӯҳнаи Гавана дар Куба чанд рӯз баъд аз даргузашти Фидел Кастро, раҳбари инқилобии он кишвар. Акс аз Томас Мунита.

7
Сокинон дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ироқӣ барои бозпасгирии шаҳри Мавсил аз дасти нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" фирор мекунанд. Акс аз Сергей Пономарев.

8
Овозхони холкӯбшудаи иронӣ Сиёвуш сигор дуд медиҳад. Тибқи суннати исломӣ, холкӯбӣ мамнӯъ мебошад. Акс аз Ҳусейн Фотимӣ.