Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.
2016. Як сол ба ривояти тасвир. 40 АКС
Танишҳо дар Ховари Миёна, сафарҳои пурхатари муҳоҷирон дар баҳри Миёназамин ва Аврупо, раъйпурсӣ дар Бритониёи Кабир ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки натиҷаҳои такондиҳанда доштанд. Ин аксҳо бозгӯи бархе аз ин ҳодисаҳо дар соли 2016 мебошанд.

33
7 ноябр. Дар дохили утоқи назоратии шумораи нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил.

34
Як паноҳанда омодаи шустушӯ дар наздикиҳои як аз урдугоҳҳо дар Белград, Сербия. 10 ноябр.

35
12 ноябр. Тазоҳурот дар Ню-Йорк алайҳи раиси ҷумҳури мунтахаб Доналд Трамп. Доналд Трамп дар интихоботи президентии 8 ноябр ба таври ғайримунтазира ва бо шикаст додани Ҳиллари Клинтон, раиси ҷумҳури Амрико интихоб шуд.

36
17 ноябр. Мардум дар шаҳри Мавсил аз ҳамлаҳои ҳавои нерӯҳои эътилоф фирор мекунанд. Нерӯҳои ироқӣ, пешмергаи курд ва ниманизомиёни шиа дар нимаи аввали моҳи ноябр бо ҳимояи ҳамлаҳои ҳавоии эътилоф барои бозпас гирифтани шаҳри Мавсил аз гурӯҳи "Давлати исломӣ", амалиёти густардаро оғоз карданд.