Эндрю Килти дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи он нақл кард, ки сафар дар ҷое, ки беқонунӣ ҳукмфармост, чӣ гуна аст, чаро ӯ бо вуҷуди музди ками кор дар инҷо ба хона барнамегардад ва чӣ гуна дилгармӣ ба зиндагиро дар худ нигаҳ медорад.
Пинҳонӣ аз Толибон: Зиндагии як австралиягӣ дар Кобул

5
Баъди зарбаи ҳавопаймои амрикоӣ ба шифохонаи "Табибони бидуни марз" дар Кобул, аксбардори австралиягӣ ба шифохона ворид шуд. Бо вуҷуде, ки садои тир меомад, ӯ харобаҳоро акс мегирифт ва ҷасади Бойназар Муҳаммад Назарро дар рӯи мизи ҷарроҳӣ пайдо кард. "Барои ман ин як ҳодисаи ваҳшатангез буд." Килти аъзои хонаводаи мақтулро ёфт ва барои онҳо 12 ҳазор доллар кӯмак ҷамъ кард.

6
"Ман фикр мекунам, ба шарофати ҳамин кор одами беҳтар шудам. Ҳоло ба ҷаҳон бо баландҳимматии зиёд нигоҳ мекунам. Ман инҷо худро хушбахт эҳсос намекунам, вале хушбахтии ман инҷо муҳим нест. "
Дар акс: Духтараке баъди бомборони шифохонаи "Табибони бидуни марз" дар Кундуз
Дар акс: Духтараке баъди бомборони шифохонаи "Табибони бидуни марз" дар Кундуз

7
Ин духтарак дар бухорӣ сӯхта ва ҷароҳатҳои зиёд бардоштааст. Вале бо вуҷуди ин ҷароҳатҳои амиқ нагирифтааст ва батадриҷ шифо меёбад.

8
Сокинони як рустои вилояти Бадахшон. Онҳо дар ҷое истодаанд, ки ярчи бузург дар соли 2014 як русторо зери хок кард ва 350 нафарро кушт.