Дар мавзолейи Мустафо Камол Отатурк дар Анқара ва музейи "Панорама 1453" дар шаҳри Истанбули Туркия, ки гуфта мешавад, ки яке аз ватандӯстонатарин музейҳои он кишвар ба шумор меравад, тасовири бузург дар бораи ҷангҳои таърихии он кишвар гузошта шудаанд. Ҳамзамон бо ин тасовир, наворҳои видеоӣ ва савтӣ аз лаҳзаҳои ҷангҳои таърихӣ, нишон дода мешаванд.
Таърихи зинда дар музейҳои Босфор (21 АКС)

1
Яке аз бузургтарин ҷойҳои таърихӣ-фарҳанӣ дар шаҳри Анқара --пойтахти Туркия, мавзолей ё оромгоҳи бунёдгузор ва нахустин президенти Туркияи навин Мустафо Камол мебошад.

2
Рӯзи 19 май соли 1919 барои Туркия санаи муҳим ба шумор меравад. Ин рӯзи эълони ҷанг барои истиқлолияти Туркия аст.

3
Мустафо Камол Отатурк дар таърихи 10 ноябри соли 1938 дар сини 56 солагӣ аз дунё даргузашт. Нахустин хишти бунёди оромгоҳи ӯ дар моҳи октябри соли 1944 гузошта шуда ва он дар соли 1953 ба поён расид.

4
Дар озмун ё тендер барои бунёди мавзолей 27 меъмори хориҷӣ ва 20 меъмори туркӣ ширкат карданд. Дар ниҳоят ду меъмори туркӣ барандаи беҳтарин тарҳ барои бунёди ин мавзолей шуданд.