Дар ин аксҳо дида мешавад, ки чигуна Русия барои пӯшиши ҳодисаҳои Украина аз аксҳои гӯшаву канори олам истифода кардааст. Дар Интернет далелҳои зиёде чоп мешаванд, ки чигуна матбуоти Русия ва гурӯҳҳои тарафдори Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар "ҷанги пропагандистӣ" бар сари Украина аксу видео ва хабарҳоро дасткорӣ мекунанд.
Чанд дурӯғи пропагандаи Русия – 2

1
Лаҳзае аз филми русӣ-белорусии "Брестская крепость" (соли 2010 ) ҳамчун исботи манфури нерӯҳои низомии украинӣ дар Донбассе истифода шудааст.

2
Шабакаи телевизионии "Мир 24" дар саҳифаи худ дар Facebook акси гурезагони соли 1999-и Косоворо ҳамчун гурезагони Украина дар соли 2014 шарҳ додааст. Ҳоло ин акс аз саҳифа тоза карда шудааст. Қаблан ин аксро сомонаи маҷаллаи "Внешнеэкономические связи России" ҳам истифода карда буд.

3
Ҳунарпешаи рус Иван Охлобистин дар шаҳри Сан-Франсиско бо ҳамҷинсгароён барои истиқболи интихоботи шаҳрдори Киев сайругашт ташкил кардааст.

4
Акси соли 1992 аз Босния: низомёни сербиягии "Тигр" дар назди ҷасадҳои босниягиҳо дар хиёбон. Аммо дар зери ин акс шарҳ дода шудааст: "Донбасро аз низомиёни украинӣ раҳо кунед".