Дар Интернет далелҳои зиёде чоп мешаванд, ки чигуна матбуоти Русия ва гурӯҳҳои тарафдори Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар "ҷанги пропагандистӣ" бар сари Украина аксу видео ва хабарҳоро дасткорӣ мекунанд. Онҳо бисёр вақт аксҳову наворҳои мудҳиш аз кишварҳои дигарро гирифта, ба Украина нисбат медиҳанд. Чанде аз ин қалбкориҳоро хабарнигори Радиои Озодӣ Игор Лосик пайдо ва нашр кардааст.
Чанд дурӯғи пропагандаи Русия

1
Ин акси гӯё чархболи артиши Украина дар асл дар кишвари африқоии Кот д'Ивуар бардошта шудааст.

2
ТВ Русия ба хотири пур аз сайёҳ нишон додани соҳилҳои Қрим навори соли 2011-ро истифода бурдааст.

3
Ин акс дар асл акси садамаи як қатори роҳи оҳан дар Канада аст, ки соли 2013 рух дода буд.

4
Ин марде ки гӯё нирӯҳои Горди миллии Украина дар канори Донетск куштаанд, дар асл дар соли 2012 дар Ҷумҳурии Кабардаву Балқари Русия аз сӯи амниятиҳои рус кушта шудааст.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир